АЗ РӮИ ИҶРОИ ВАЗИФАҲОЕ, КИ МУРОҶИАТНОМА МУАЙЯН КАРДААСТ

Дар Вазорати хоҷагии об бахшида ба «Дар сохтори вазорат ба иҷро расондани вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президент муайян шудаанд» анҷумани матбуотӣ доир гардид.

 Дар он аъзои Сенат ва депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, масъулони вазорат ва идораҳои дахлдор, вакилони созмонҳои хориҷие, ки дар хоҷагии об ҳамкорӣ мекунанд  иштирок карданд.
Аз вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президент муайян шудаанд, баромада омада, соли равон дар зиёда аз 44 ҳазор гектар майдон ҷорисозии  технологияҳои сарфасози об, аз ҷумла, дар 24,8 гектар пахтазор амалӣ гардонидани обёрии қатрагӣ ба нақша даромадааст. 
Алъон дар  ҳудуди ҷумҳурӣ дар 130 ҳазор гектар майдон технологияи сарфасози об ҷорист, ки аз он 77,4 ҳазор гектарро обёрии қатрагӣ ташкил менамояд. Соли равон майдонҳое, ки тавассути технологияҳои замонавии обро сарфакунанда обёрӣ мегарданд, 250 ҳазор гектарро ташкил хоҳанд намуд. 
Соли 2025 ҷамъ 1 миллион гектарро ташкил намудани ин гуна майдонҳо пешбинӣ гардидааст.
Автоматикунонии ҳисобу китоби об аҳамияти ҷудогона касб менамояд. Дар Муроҷиатнома низ зарурияти ин кор таъкид ёфтааст. Вазорат дар ин самт бо ташкилотҳои молиявии хориҷӣ, аз ҷумла Агентии ҳамкории байналхалқии Корея ҳамкорӣ менамояд. Мувофиқи шартномае, ки ба имзо расидааст, дар объектҳои обӣ сохтори «Оби ақлнок» ҷорӣ карда мешавад. Дар доираи лоиҳаи ба ивази гранти АҲБК молиявишуда соли гузашта ба 61 объекти хоҷагии об асбобҳое васл гардонда шуданд, ки оби сарфшударо ба тарзи онлайн назорат мекунанд. 
Ба масъалаи омодасозии кадрҳо дар соҳа, такмил додани малакаи онҳо эътибор пурзӯр мегардад. Соли равон 500 нафар, солҳои 2021-2022 800 нафар, то соли 2030 ҷамъ 5000 ҳазор нафар мутахассисони ҷавони бо маълумоти олӣ ба кор қабул карда мешаванд. 
Барои дар хоҷагии об ба амал татбиқ намудани комёбиҳои илму фан, татбиқи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ соли равон нисбат ба соли гузашта 2,2 баробар зиёд ё худ 2 миллиарду 200 миллион сӯм маблағ ҷудо карда мешавад. 
Вазифаи то 1 апрели соли равон тасдиқ намудани лоиҳаи Консепсияи рушди хоҷагии об то соли 2030 аз ҷониби Президент муайян гардида ва барои омодасозии ҳуҷҷатҳое, ки нақшаҳои истиқболиро дар худ таҷассум мекунанд, аз ҳисоби маблағҳои Бонки рушди Осиё, маблағҳои грантии Агентии рушд ва ҳамкории Швейсария мутахассисони байналхалқӣ ҷалб мегарданд.
Дар портали муҳокимаи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи рушди хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2030» ба муҳокима гузошта шудааст. Дар он ҷорӣ намудани технологияҳои обро сарфасоз, васеъ истифодабарӣ аз автоматисозӣ ва технологияҳои хабарӣ-коммуникатсионӣ, дар бештар аз 1 миллион гектар майдон беҳсозии таъминоти об, барпо ва реконструксияи объектҳои мелиоративӣ, аз нав мавриди истифода қарор додани 298,5 ҳазор гектар майдон, ки аз истифода дур мондааст, дар соҳа ривоҷ додани тамоюлҳои иқтисодиёти бозоргонӣ, инчунин вазифаи 50 объекти хоҷагии обро дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ба сектори хусусӣ супурдан ҷой гирифтааст.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: