МАВЗӮИ МАКТАБУ МАОРИФ ДАР ОСОРИ САДРИДДИН АЙНӢ

Бузургон мутааллиқ ба миллату халқиятҳои гуногун бошанд ҳам, дар таълифоти худ нафъи бани башарро ҳадафи худ қарор додаанд.

Онҳо ҳамчун мафкурабардор бобати муаррифии халқи хеш ба оламиён худро масъул донистаанд. 
Халқ низ бо чунин фарзандони худ ва ному осори онҳо ифтихор менамояд. Махсусан қадршиносӣ ва гиромӣ доштани фарзандони фарзонаи миллат аз тарафи давлати миллӣ ҷилои тозатару фурӯғи равшантар мегирад. Зеро қадршиносии онҳоро метавон ҷузъе аз худшиносии миллӣ ҳисобид.
Агар солҳои бистуму сиюм, чилуму панҷоҳум дар Тоҷикистон ва умуман барои тоҷикон омӯзиши рӯзгору осори Садриддин Айнӣ мутадовил бошад ҳам, аз охирҳои солҳои панҷоҳум айнишиносӣ ҳамчун падидаи тозаи илмӣ дар адабиётшиносӣ ва тадқиқи афкори адабӣ-эстетикӣ зуҳур намуд. Ин раванд то имрӯз асару мақолаҳои сершумори илмию пажӯҳиширо рӯйи кор овардааст, ки онро метавон мактаби айнишиносӣ номид. 
Масъалаи мактаб ва илму ирфон яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи умумхалқии садаи ХХ ба шумор рафта, ба муқобили ақибмонии асримиёнагӣ равона гардида буд. Аз ҷумла, Садриддин Айнӣ бо «Таҳсиб-ус-сибён» барин осори тарбиявии худ миқдори хеле зиёди маорифпарваронро тарбия намудааст, ки яке бо осори бадеӣ, дигаре бо мақолаи адабию публитсистӣ, сеюмин бо фаъолияти шахсии худ ба ин кори хайр ёрӣ расонидаанд ва боварӣ доштанд, ки ин роҳ роҳи ягонаи бахту саодат, озодӣ ва манфиатҳо аст. Маънои прогрессивии ин кӯшишро пеш аз ҳама устод Айнӣ дарк намудааст. Агарчанде маънои таърихан мусбати мубориза барои мактаби усули ҷадидро идораҳои маорифи ҳукумати подшоҳӣ фаҳмида натавониста, ба ӯ ёрӣ намедоданд, Садриддин Айнӣ тавонист, ки дар ашъори ба мактаб бахшидаи худ бо истифода аз забони бисёр ҳам сода дар дили бачаҳои замони торикӣ шуълае афрӯзад. Имрӯзҳо низ бо боварӣ метавон гуфт, ки ашъори ба мактаб бахшидаи устод Садриддин Айниро дар бисёре аз гӯшаҳои олам истифода мебаранд. 
Бояд қайд кард, ки адабиёти халқ ҳар қадар ғанӣ бошад, афкори адабӣ-эстетикии он низ ҳамон қадар мукаммал ва рангоранг мешавад. 
Бузургвор Ғаззолӣ олимонро шабчароғи ҷамъияти инсонӣ таъбир менамояд, ки ҳадаф гиромидошти онҳост. Олимон на танҳо ба дардҳои маънавии ҷамъият шифо мебахшанд, балки беш аз он мафкурабардори миллати хешанд, ки онро дифоъ намуда, ба оламиён муаррифӣ менамоянд. Маҳз ана ҳамин падидаҳо боиси ниёзи омма ба мафкурабардорони худ мегардад. 
Аз тарафи дигар, ҳамин ҷанба рисолати таърихии мафкурабардороро таъмин менамояд ва чеҳраи эшонро ба мардум муаррифӣ мекунад. Давлатҳои империявӣ чунин шахсиятҳоро қадршиносӣ намекарданд, вале давлатҳои миллӣ аз чунин ашхос ифтихор менамоянд. Зеро арҷгузорӣ ба чунин симоҳо на танҳо боиси ифтихори давлати миллӣ, балки сабаби худшиносии миллӣ низ хоҳад шуд.
Дар ташаккулу таҳаввул ва рушди мактаби айнишиносӣ саҳми олимон Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров, Холиқ Мирзозода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камол Айнӣ, Расул Ҳодизода, Валӣ Самад, Р. Мусулмонқулов, А. Кӯчаров, И. Брагинский, Х. Шарифов, Раҳим Ҳошим, А. Маниёзов, А. Абдуманнонов, Х. Отахонова, Ш. Раҳмонов, А. Раҳмонов, Н. Маъсумӣ, И. Имомов, Х. Асозода, А. Маҳмадаминов калон аст. 
Устод Айниро метавон бунёдгузори консепсияи миллии маорифи миллӣ номид. Бояд гуфт, ки роҷеъ ба мавзӯи «Хусусиятҳои жанри бадеӣ ва услубии ашъори ба мактаб бахшидаи Садриддин Айнӣ» тадқиқотҳо анҷом дода шудаанд. Дар баъзе тадқиқотҳое, ки ба ақоиди педагогии Садриддин Айнӣ бахшида шудаанд, ин масъала то ҷое ҳаллу фасл гардидааст. 
Ба ҳамагон ин ҷиҳат маълум аст, ки устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз аз солҳои 1900-1917 ба мактабу маориф таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Муҳим он аст, ки Садриддин Айнӣ се асари ҷолиби худро маҳз дар ин давра таълиф кард. Аз ҷумла, таълифи асарҳои илмӣ-таърихии ӯ «Тартил-ул-Қуръон», «Таҳсиб-ус-сибён» ва «Заруриёти диния» ба ҳамин давра рост омадаанд. Бояд гуфт, ки ин се асари устод фонди тиллоии илми тарвиҷ, педагогика ва усули таълимро ташкил медиҳанд. 
Хонанда баъди мутолиаи ин асарҳо бо ақида ва нуқтаи назари устод ба таълиму тадрис ва мактабу маориф ошно мегардад. 
Устод Садриддин Айнӣ дар таълифоти хеш  моҳияти маорифу фарҳангро амиқ дарк намуда, натиҷа гирифтааст, ки ҷомеаро бидуни мактабу маориф тассавур кардан муҳол аст. Мактаб ба маънии томи он давронсоз, тафаккурсоз ва маънавиятсоз аст. Ҳатто яке аз шоирони навгаро нақши мактабро бунёди ҳама гуна давлат дониста, таъкид кардааст:
Пояи давлат нагардад бе маориф 
устувор,
Давлати подор хоҳӣ, рӯй бар мактаб 
биёр.
Ин аст, ки устод Садриддин Айнӣ дар баробари таълифи асарҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, методӣ дар ашъори худ рӯ ба таърифу тавсиф ва тарғибу ташвиқи мактабу маориф овардааст. Бар илова, устоди сухан, дар асарҳои тарҷумаиҳолиаш –«Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам», «Мактаби кӯҳна», «Ёддоштҳо» доир ба масъалаҳои мактабу маориф, устоду шогирд, нақши мударрис дар таълим ва муносибати шогирдон басо хирадмандона сухан ба миён овардааст. Албатта, ин ҳама дар таълифоти айнишинос профессор А. Маҳмадаминов таҳлил шудаанд. Мо тасмим гирифтем, ки дар қисматҳои баъдии мақолаи худ то ҷое ба таҳлили як шеъри ба мактабу маориф ва таълиму тарбия бахшидаи С. Айнӣ ба қадри тавон даст бизанем.
Он ғазали «Аз файзи Яздон хон аст мактаб» ном дорад, ки бо радифи  «аст мактаб» эҷод шудааст:
Аз файзи Яздон хон аст мактаб,
Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.
Бе он ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.
Аз мактаб ояд осоиши дил,
Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.
Бе мактабонро набвад ҳаёте,
Об аст мактаб, нон аст мактаб.
Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб,
Из аст мактаб, шон аст мактаб.
Дар чашми биниш нур аст дониш,
Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.
Яъне мактаб аз файзи Яздон хон (дасторхон) аст. Лаъли ирфон (донишу маърифат)-ро кон, бе он тани инсонро қадре набошад, аз ин рӯ, ба ҷисми инсон ҷон аст мактаб, осоиши дил аст. Бемактабон бе он (мактаб) зиста наметавонанд, мактаб барои онҳо ба ҷойи обу нон аст, обрӯ, шавкату шон аст, донише, ки аз мактаб ҳосил мешаванд, ба чашми биниш нуру ҷон аст.

Бахтиёр АБДУЛЛОЕВ, 
сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилоти муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисори Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: