РАҲНАВАРДИ РОҲИ МАЪНӢ

Маъниву мазмуни ин байти Ҷалолуддини Балхӣ то андозае ба кору пайкори қаҳрамони лавҳаи мо Тиллобек Шокиров пайвандӣ дорад.

Ҳар киро аз баҳри коре 
сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш 
андохтанд.
МАВЛАВӢ.

Маъниву мазмуни ин байти Ҷалолуддини Балхӣ то андозае ба кору пайкори қаҳрамони лавҳаи мо Тиллобек Шокиров пайвандӣ дорад. Ӯ зодаи Ӯхми бостон аст. Бачагиаш дар ҳамин деҳаи домани кӯҳсори Нурато паси сар шудааст. Вай дар оилае ба камол расид, ки ҳама соҳиби маърифати динӣ буданд. Падараш – бобои Бӯрибой муллои деҳ буд. Модараш Эсангул ҳам аз занони порсо ба шумор мерафт. 
Бо вуҷуди ин аз донишҳои дунявӣ низ ба қадри кофӣ бархурдор буданд. Амакаш Шодибой мактаби олии ҳизбиро хатм намуда, солҳои дароз сарвари дастгоҳи ҳизбии ноҳияи Фориш буд.
Ҳоло Тиллобек онҳоро бо некӣ ёд мекунад. Имрӯзҳо аз ин аҷдод Комилҷон, Раҳматулло, Абдулвоҳидҳо  ба камол расидаанд, ки соҳиби фазлу донишанд. Донишҳои диниву дунявиро ба хубӣ аз бар намудаанд. Тиллобек калонсолтар аз ҳамаи  онҳост.
Ӯ дастпарвари факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошад. Баъди адои хидмати аскарӣ соли 1984 дар шаҳри Кушкаи Туркманистон дар ин донишгоҳ хонд. Ба деҳа омада, дар мактаб кор кард. Аз фанҳои забону адабиёт, алифбои ниёгон ба донишомӯзон дарс дод. Аз алифбои ниёгон ва хати арабиасоси форсӣ ба хубӣ балад буданаш ба ӯ имкон доданд осори бузургонро дар асл хонад, мутолиа намояд.
Якчанд сол муқаддам ба маҳаллаи «Отақӯрғон»-и ноҳияи Фориш кӯч баст. Дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 31-уми он фаъолият намуд. Порсол ба нафақа баромад.
Маъмурони гурӯҳҳои шабакаҳои иҷтимоии телеграмм ва фейсбук якчанд бор озмуни шеърхонӣ созмон доданд. Тиллобек Шокиров ҳам чун ровӣ ва ё узви ҳайати доварон дар онҳо  ширкат ҷуст. Аз ҷумла, порсол дар озмуни шеърхонии «Тулӯъи сабзи ранг» миёни калонсолон ҷойи аввалро гирифт. Навори пешкашнамудаи ӯ бо қироати шеъри «Бухоро» ба ҳамагон  писанд омад. Дертар боз як озмун бо номи «Биҳишт зери қудуми модарон аст» баргузор гардид. Дар он ӯро ба сифати узви ҳайати ҳакам пазируфтанд. Бисёр пораҳои шеъриро, ки бо хати форсист, баргардон кард. 
Аз наздикии маҳаллаи «Отақӯрғон» сангнавиштаҳое пайдо шуданд. Тиллобек Шокиров ҳам ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Назар ба таъкиди вай ин сангҳои сари қабранд. Маълум мешавад, ки замоне дар он ҷо корвонсаро ва қабристон вуҷуд доштааст ва ба сабаби беэътиноӣ сангҳои сари қабр ҳар куҷо парешон шудаанд. 
– Аз номҳову навиштаи рӯйи сангҳо маълум мегарданд, ки марҳумон аксаран қазоқонанд. Дар сангҳо солҳои 1310, 1333, 1345 ҳиҷрӣ, ки мутобиқ ба солҳои 1892, 1914, 1926 милодӣ мебошанд, сабт ёфтаанд, ки аз замони зиндагии ин одамон шаҳодат медиҳад, – мегӯяд Тиллобек Шокиров. – Ҳатто боре зимни сохтани ҳавзи об барои қабл аз пашмтарошӣ шустани рамаи чорвои хоҷагӣ аз сабаби камчинии сангҳо дар ин ҳудуд аз ин сангнавиштаҳои паҳну парешон истифода мебаранд. Девори атрофи ҳавзи обро бо ин сангҳо мебардоранд. Баъди гузашти як муддати мадид ва аз истифода мондани ҳавзи гӯсфандшӯйӣ бо саъйи ду тан аз мӯйсафедони деҳа Шарифбой Норбоев ва Рӯзӣ Маликов он сангҳоро ба як кунҷи қабристони ҳозираи «Отақӯрғон» бурда мемонанд. Дер ҳам бошад, пеши роҳи кори зишт гирифта мешавад. 
Тиллобек мунтазам мутолиа мекунад, пайваста меомӯзад. Якчанд сол муқаддам дар рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаи пурмуҳтавои ӯ «Пайрави фирқаҳои гумроҳ набошем» ба нашр расид ва боиси ҳусну таваҷҷуҳи аҳли зиё гардид. Ба шогирдонаш ҳам доимо инро талқин менамояд. Чандин маротиба дар озмунҳои фаннӣ ва шеърхонӣ ҷойҳои сазоворро ишғол кардани онҳо ҳосили ин раҳнамоиҳост.
Дар ҷое байти фавқи Мавлоноро ба тарзи зер  тавзеҳ додаанд:
«Ҳар фарде бо вижагиҳои зотӣ ва фардиаш барои шуғли муносиб сохта (офарида) шудааст...»
Оре, омӯзгори собиқадор, донандаи хат ва бохабар аз осори ниёгон Тиллобек Шокиров умри беш аз шастсолаашро бад-ин зайл сипарӣ кардааст. Яъне, умре  раҳнаварди роҳи маънӣ будааст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: