МАКТАБҲО – ҲАМЕША ДАР МАДДИ НАЗАР

Дар ин сухани ҳикматомези Президент, ки 30 октябри соли гузашта дар видеоселектор бахшида ба масъалаҳои такмил додани низоми таълиму тарбия ва рушди илму фан изҳор дошта буд, маъниҳои зиёде нуҳуфта аст.

«Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб сар мешавад».
Ш.МИРЗИЁЕВ.
Дар ин сухани ҳикматомези Президент, ки 30 октябри соли гузашта дар видеоселектор бахшида ба масъалаҳои такмил додани низоми таълиму тарбия ва рушди илму фан изҳор дошта буд, маъниҳои зиёде нуҳуфта аст. Яъне мактаб дар ташаккулёбии инсон нақши калидӣ дорад. Аз ин дидгоҳ, корҳои таълиму тарбия бояд таҷдиди назар шаванд.
Дар ин гирдиҳамоии муҳим вазифаҳое, ки бояд дар соҳаи таълим ба амал татбиқ шаванд, возеҳу равшан ба миён гузошта шуданд.
Пӯшида нест, ки чанд даҳсола қабл пойи роҳбарон ба мактабҳое, ки дар дурдасти марказҳо ҷойгир шудаанд, намерасид ва онҳо аз эътибор дур мемонданд.
Дар видеоселектор сарвари давлат алоҳида таъкид намуд, ки минбаъд рӯзи кории роҳбарони секторҳо бояд аз ошноӣ бо кору фаъолияти мактабҳо оғоз ёбад. Халқ мақоли пурҳикмате дорад, ки ин аст: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Мо ба хабару маълумоти «ҳамааш хуб» одат кардаем. Акнун роҳбарон аз ҳоли мактабҳое, ки дар гӯшаҳои дурдаст воқеанд, рафта хабар бояд гиранд. Танҳо дар ҳамон сурат назарфиребӣ аз байн бардошта мешавад.
Бояд гуфт, ки дар гирдиҳамоӣ ҳамаи ҷиҳатҳое, ки ба рушди соҳаи таълим иртибот доштанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Хусусан, зиёд кардани масъулияти мактабу роҳбари синф, рағбатноксозии омӯзгороне, ки хонандагонаш дар олимпиадаҳои фаннӣ ҷойи сазоворро гирифтаанд, ба онҳо додани роҳхатҳои бепул барои дамгирӣ ва барқарор кардани саломатиашон дар сиҳҳатгоҳҳо, дар дили мо шӯълаи умед афрӯхт.
Бори дигар ёдрас гардид, ки ҳурмату обрӯйи омӯзгор дар ҷамъият зиёд хоҳад шуд. Ин, дар навбати худ ба зиммаи омӯзгорон ва тарбиятгарон бори масъулият мегузорад. Минбаъд ҳар як омӯзгор тибқи нақша кор мекунад, муттасил ба донишу таҷрибаи худ меафзояд. Ҳаёт тақозо дорад, ки омӯзгор имрӯз бояд ба хонандагон дар асоси технологияи нав ва таҷрибаи пешқадам  таълиму тарбия диҳад.

Нуриддин ҲОҶИЕВ,
мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сайҳунобод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: