Таътили тобистона тақозо менамояд, ки бачаҳо вақти пурқимати худро дар оромгоҳ, ҷойҳои сояву салқин, доманаи кӯҳсор гузаронанд.
Дар маҳаллаи «Сайёд»-и ноҳияи Фориш оромгоҳе бо номи «Оташи нилгун» амал мекунад. Ба ин оромгоҳ на фақат аз ҳудуди ноҳия, балки аз шаҳру навоҳии дигари вилоят низ бачаҳо омада истироҳат мекунанд.
Ба наздикӣ дар ин оромгоҳ барои 30 нафар фарзандони соҳаи шабакаҳои гази вилоят, ки истироҳати худро мегузаранд, аз ҷониби хидматчиёни ҳарбии «полигони кӯҳӣ-саҳроии Фориш» ва қисми ҳарбии ноҳияи Шароф Рашидов барномаи театрикунонидашудаи ҳарбӣ намоиш дода шуд. Бачаҳо ҳар як баромади афсарони ҳарбиро бо диққат тамошо карданд. Ин намоишҳо дар дили онҳо ҳисси ватанпарвариро бедор хоҳад кард.
Ходимони идораи вазъиятҳои фавқулода техникаеро, ки ҳангоми рух додани ҳодисаҳои ногаҳонӣ, ба мисли сӯхтор, обхезӣ ва монанди инҳо истифода мешаванд, ба намоиш гузоштанд. Ба бачаҳо оид ба вазъиятҳои фавқулода, роҳҳои ҳимоя аз он маълумот доданд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
Вилояти ҶИЗЗАХ.