КАСБИ ПУРШАРАФ

Ҳақ ба ҷониби равоншинос ва педагоги машҳури рус А.Ушинский, ки хеле зебо менигорад:

“Муаллим то он даме зиндааст, ки меомӯзад, чун аз омӯзиш бозмонд, симои муаллимии худро гум мекунад”. Ё айнан педагоги дигари рус Ю. Добролюбов заҳмати устоду омӯзгорро дар тарбияи кӯдак хеле соҳирона ба қалам додааст. Вай менависад: “Кӯдак оинаест, дар ғояти хирагӣ ва фақат муаллим метавонад, бо заҳмати зиёду бардавом ин оинаи басе нозукро сайқал бидиҳад”. Ва ин қабил гуфтаҳоро дар ҳаққи заҳмати устоду муаллим бисёр овардан мумкин аст. Аммо муроди мо аз ин навиштаҳо чизи дигар аст.
30-сентябри соли гузашта аз ҷониби Девони Вазирон иловаи якум доир ба низоми нави маблағҳое, ки аз тарафи хазинаи директори мактаб ҷиҳати рағбатнок кардани ходимони соҳаи таълим бароварда шуд, хайрхоҳӣ ва эътибори ҷиддии давлат нисбати барандагони ин касби бошараф хондан мумкин аст. Гузашта аз ин, дар арафаи “Иди омӯзгорон” бо мукофотҳои давлатӣ эътироф гардидани омӯзгорон далели гуфтаҳои болост. Имрӯзҳо барои омӯзгорону дастпарварон омода кардани шароитҳои хуби таълимӣ ба ҳукми анъана даромадааст. 
Ҳама ғамхорӣ ва хайрхоҳӣ ба камоли фардои шогирдон нигаронда шудааст. 
Дар ҳақиқат, камоли шогирдро дидан бахти устод аст.
Инак, камина зиёда аз 20-сол собиқаи корӣ дорам. Аз фанни математика дарс медиҳам. Шогирдони зиёд тарбия кардаам, ки дар соҳаҳои гуногун дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Айни замон мехоҳам баъзе аз мушкилиҳои соҳаро бигӯям.
Оё аз  фанни математика тестҳои аслӣ ва ё аққалан тарҷимаи онҳо дастрас мешавад? Шогирдони мо аз ин ҷиҳат дар озмунҳои “Баҳси донишҳо” ва олимпиадаҳои марҳилавӣ иштирок карда наметавонанд. Аслан, ин вазифа ба дӯши кист? Ба зиммаи омӯзгорон, ё мутахассисони касбӣ, ё Маркази тести ҷумҳурӣ ва ё Маркази таълими ҷумҳурӣ? Фаразан, агар ба омӯзгорон тааллуқ доша бошад, боварӣ дорам, тамоми муаллимони  математика ҳозиранд, ки ин амали хайрро дар якҷоягӣ ташкил кунанд. Лоақал тарҷимаи онҳо ҳам дастрас мешуд, хеле хуб мешуд.
Дигар, нарасидани дастурҳои методии таълимии соҳавӣ.
Оё имкон дорад, ки аққалан бо воситаи рӯзнома дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон ва мутахассисони соҳа расондани тестҳои соҳаи математика ба роҳ монда шавад.
Ин ду-се талабе, ки пеш гузоштам, хӯшае аз хирмананд. Мехостам, самараи кори муаллимони математикаро бинам. Аминам, ки аз бурдборӣ ва муваффақияти шогирдони соҳаи худ завқ гирифтан боиси рӯҳбаландии ҳар якеи мо, омӯзгорон мегардад.          

Амонқул ЗАВҚИЕВ,
мактаби рақами 21, ноҳияи Нурато.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: