ДОНИШМАНДИ БЕНАЗИРИ «ШАШМАҚОМ»

Донишманди бузурги «Шашмақом», устоди усулҳои мураккаби мусиқӣ, танбӯрнавози чирадаст, ҳофизи хушадо Ота Ҷалол Носиров (дар баъзе манбаъҳо «Ота» нею «Бобо») соли 1845 дар гузари Эшони Пири шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст.

Донишманди бузурги «Шашмақом», устоди усулҳои мураккаби мусиқӣ, танбӯрнавози чирадаст, ҳофизи хушадо Ота Ҷалол Носиров (дар баъзе манбаъҳо «Ота» нею «Бобо») соли 1845 дар гузари Эшони Пири шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Падараш – Носир соҳиби овози ширадор буда, дар масҷид муаззинӣ мекардааст. Аз мусиқӣ ва сурудҳои халқӣ хабар дошт. Бародараш Мулло Хайрулло низ ҳофиз ва писараш Каромат камоннавоз будаанд. Ҷалолиддин аз хурдсолӣ ба мусиқӣ дил баст ва ба ҳофизи овозадори замон Тиллобой шогирд истод. Синнаш ҳанӯз ба 20 нарасида, шуъбаи «Наср»-и «Шашмақом»-ро аз худ кард. Вай якҷоя бо ҳофизони ҳамонвақта Мирзо Ҳидоят, Муллобой, Абдураҳмонбек, Абдулхайр Махдум, Мирбобо, Мирвосеъ дар тӯю маъракаҳо ширкат ҷуста, мақомхонӣ мекард. Амири Бухоро Музаффархон аз истеъдоди Ҷалол огоҳ гардида ӯро соли1864 ба ҳофизии сарой қабул мекунад. Дере нагузашта ӯ ба мартабаи сарвари санъаткорони сарой таъин мегардад. Ота Ҷалол дар давраи ҳукмронии Амир Музаффархон бештар дар Шаҳрисабз, ҳангоми салтанати Амир Аҳадхон дар Кармана ва  солҳои соҳибтахт шудани Амир Олимхон дар Бухоро зиндагӣ мекунад. Дар китоби  «Муғанниёни Бухоро» омадааст, ки ин ҳар се амир ба шеър ва мусиқӣ дилбастагӣ доштанду Амир Аҳадхон пеш аз вафоташ ба писараш Олимхон чунин васият карда будааст: «Писарам, усто Ҷалолиддинро эҳтиёт кун, вай устоди «Шашмақом» буда, ба ашъори банда оҳанг бастааст. Дар рӯзҳои сахт ба вай раҳнамо бош!». 
Ота Ҷалол баробари ба Левича, усто Шодӣ, усто Тоҳир Давлатзода, Қорӣ Каромат, Қорӣ Убайдулло, усто Ёдгор барин санъаткорони рикобӣ роҳбарӣ кардан, шуъбаҳои мушкилот ва насри  «Шашмақоми Бухоро»-ро пурра тайёр намуда, ба мардум намоиш медиҳад. Ӯ на фақат ин шоҳасари классикиро ба шогирдонаш  омӯхт, балки шуъбаҳои онро такмил дод, ба мақоми «Сегоҳ» бо усули «савт» иборат аз се қисм шуъба таҳия намуда, бо номи «Савти Ҷалолӣ» асар эҷод кард. Абдурауф Фитрат дар «Мусиқии классикии ӯзбек ва таърихи он» ном асараш чунин нигоштааст: «Мақоми «Сегоҳ» шуъбаи «Савт» надошт. Он бо ташвиқи банда дар соли 1922 аз ҷониби мусиқидони машҳур Ота Ҷалол эҷод гардид». (Нигаред ба Фитрат. Ӯзбек классик мусиқаси ва унинг тарихи.  Т. «Фан», 1993 й, саҳ. 24).
Ба Ота Ҷалол аз ҷониби амири Бухоро унвони «Мирохур» (сардори саисхонаи сарой) дода шудааст. 
Ота Ҷалол аз соли 1921 дар мактаби мусиқии Шарқи Бухоро фаъолият нишон дода ба Левӣ Бобохонов, Борух Зеркиев, Домулло Ҳалим Ибодов, Ҳоҷӣ Абдураҳмон Умаров, Туробқул Қаравулбегӣ, Тоҳирҷон Давлатзода, Мирзо Абдукарими Вобкандӣ, Маъруфҷон Тошпӯлодов, Наҷмиддин Насриддинов ва дигар ҳофизу навозандагони соҳибистеъдод роҳу усулҳои «Шашмақом»-ро омӯхта, ин дурдонаи маънавии Шарқро дастраси мардум мегардонад. 
Яке аз хидматҳои бузурги Ота Ҷалол дар он аст, ки вай бо ташаббуси А. Фитрат бо ҳамкории Ота Ғиёс ва В. Успенский дар соли 1924 «Шашмақоми Бухоро»-ро ба адвор дароварда, боиси дар шаҳри Москва аз нашр баромадани он мегардад. Бо шарофати вай қисмҳои наср ва мушкилоти шаш мақом: «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» мукаммал барқарор шуд. Муаллифи китоби «Шашмақом», этнографи рус В. Успенский, ки материали асосиро аз Ота Ҷалол гирифтааст, дар бораи ӯ чунин навиштааст: «Бо вуҷуди  пирӣ, Ота Ҷалол овози баланду форам ва хотираи қавӣ дошт. Вай ҳунарманде буд, ки на фақат оҳангу матни шуъбаҳои «Шашмақом»-ро, балки 18 намуди иҷрои онҳоро беғалат дар хотир нигоҳ медошт». 
Ҳофизони машҳур Муллотӯйчӣ Тошмуҳаммедов ва Шораҳим Шоумаров ба Бухоро омада, аз Ота Ҷалол суруди «Гиря»-ро омӯхтаанд.            
Ота Ҷалол ба пойтахти ҳамонвақтаи Ӯзбекистон —  шаҳри Самарқанд рафта, дар институти мусиқӣ ва этнография ба кор медарояд. Домулло Ҳалим Ибодов, Усто Шодӣ Азизов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев барин даҳҳо шогирдони барҷастаро тарбия менамояд. Вай соли 1928 дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Самарқанд аз олам чашм пӯшидааст. Бояд таъкид намуд, ки эҳёи «Шашмақом» на фақат дар мамлакати мо, балки дар Осиёи Марказӣ бо номи Ота Ҷалол Носиров алоқаманд аст. Ҳақ ба ҷониби В. Успенский, ки гуфтааст:
«Ота Ҷалол донишманди охирин, посдори ягонаи «Шашмақом» дар Бухорост».
 
Файзулло ТӮРАЕВ,
санъатшинос. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: