ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ИНКИШОФИ СОҲАИ БОФАНДАГӢ МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 16 апрел ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои афзудани ҳаҷми содирот ва сармоягузорӣ дар соҳаи бофандагӣ баргузор гардид.

Соҳаи бофандагӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат васеъ роҳандозӣ гардида, яке аз секторҳои миқдори ҷойҳои кориаш зиёд ба шумор меравад. Ҳоло беш аз 6 ҳазор корхона 570 ҳазор нафарро бо шуғл фаро гирифтааст.
Дар солҳои охир аз ҳисоби фаъолона ҷалб намудани сармоя ва технологияи нав дар соҳа истеҳсолот ба таври назаррас афзуд. Барои мисол, соли гузашта маҳсулоти бофандагӣ ва дӯзандагиву кешбофӣ ба миқдори 8 миллиарду 200 миллион доллар истеҳсол гаштааст, ки ин нисбат ба ҳафт соли пешин 4,2 баробар зиёд аст.
Инчунин соли 2023 ҳаҷми содирот дар соҳа 3,1 миллиард долларро ташкил намуд. Имсол соҳа ба се бозори нав баромада, географияи содирот 83 мамлакатро ташкил менамояд.
Аммо таҳлили сохтори содирот камбудиҳои муайянро нишон медиҳад. Барои мисол, саҳми амволи омода бо арзиши баланди изофӣ паст мебошад. Қариб 80 фоизи содирот ҳанӯз ба бозорҳои шарикони анъанавӣ рост меояд. Содирот ба Аврупо ба натиҷаи чашмдошт мувофиқат намекунад. 
Барои  афзудани ҳаҷми содирот ба бозорҳои мамлакатҳои тараққинамуда ё худ барои брендҳо стандарт ва сертификатҳои байналхалқӣ тақозо менамояд. Аммо танҳо 175 корхона ба ин талабот ҷавобгӯ мебошад. Дар 18 ноҳия ҳаҷми солонаи маҳсулоти бофандагӣ ҳатто ба 1 миллион доллар намерасад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои мушкил таҳлил гардида, имконоти мавҷудаи васеи соҳа номбар гардид.
Таҳлили ширкати консалтанги «Boston consulting group» нишон медиҳад, ки пойгоҳи ашёи хоми мамлакатамон имкон медиҳад, ки ба миқдори на камтар аз 15 миллиард доллар маҳсулот истеҳсол гардад ва 500 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда шавад.
Барои мисол, дар мамлакатамон нархи аслии як килограмм калоба аз нархи миёнаи ҷаҳонӣ 28 фоиз арзон аст. Ин барои афзудани истеҳсоли маҳсулоти тайёр имконоти зиёд фароҳам меорад ва инчунин дар рақобат бартарӣ мебахшад.

Ғайр аз ин ба соҳа кумаки молиявӣ расонда мешавад. Дар ибтидои соли гузашта 50 миллион доллар барои лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли матоъ, ранг ва такмил, инчунин тавлиди маҳсулоти омодаи дӯзандагиву кешбофӣ ҷудо карда шудааст. Пас аз истифодаи ин маблағ равон намудани боз 100 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбари давлат ногузирии истифодаи оқилонаи ин имконот барои афзудани лоиҳаҳо ва ҷойҳои кор дар минтақаҳоро таъкид намуд.
– Роҳи дурусти ягонаамон дар ин соҳа – пурра азнавкоркарди ашёи хоми мавҷуда барои ба вуҷуд овардани арзиши баланди изофа ва нигарондани содирот аз бозорҳои арзони анъанавӣ ба бозорҳои ҳарчи гаронтари нав мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Яке аз роҳҳои оптималии афзудани истеҳсолот кушодани филиалҳои корхонаҳои калон дар маҳаллаҳо ба шумор меравад. Барои мисол, фабрикаи «Зарафшон текстил» дар шаҳри Самарқанд 11 филиали минтақавии худро кушодааст. Бартарии он дар ҳамон аст, ки барои татбиқи стандартҳо ё дарёфти сертификатҳо харҷ намудани вақт ва пули барзиёд зарур нест. Аз ин рӯ, бояд ин таҷриба васеъ карда шавад, таъкид шуд дар ҷамъомад.
Яке аз мушкилоти асосӣ дар корхонаҳои бофандагӣ дастрасӣ ба ашёи хом ба ҳисоб меравад. Дар мамлакатамон барои азнавкоркарди 1 миллиону 300 ҳазор тонна нахи пахта иқтидорҳо вуҷуд дорад, аммо ҳоли ҳозир қариб 1 миллион тонна нах истеҳсол карда мешавад. Аз ин рӯ, арзиши аслии парвариши пахта бояд кам карда шавад ва ҳосилнокии майдонҳо баланд бардошта шавад.
Инчунин фаъолияти кластерҳои пахтаву бофандагӣ муҳокима гардида, пешниҳодот дар заминаи таъмини онҳо бо фаъолияти суботнок баррасӣ гардиданд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ беш аз 100 нафар соҳибкорони соҳа иштирок доштанд. Президент бо онҳо гуфтугӯ кард.
Соҳибкорон мушкилот ва пешниҳодоти худро дар бораи сохтмони корхонаҳои бофандагӣ, вусъат додани таҷрибаи бозгардондани андоз барои арзиши изофа дар муддати як рӯз, сода намудани дарёфти кредитҳои пешазсодиротӣ, ҷудо намудани захираҳои арзони молиявӣ ва пеш бурдани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ изҳор намуданд.
Ба шахсони масъул бо диққат омӯхтани ин масъалаҳо ва таҳияи қарорҳои амалӣ, ҳангоми зарурат пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ супурда шуд.
Дар рушди маҷмӯии соҳа Ассотсиатсияи «Ӯзтекстилпром» нақши муҳим дорад. Аз нав ташкил намудани ассотсиатсия пешниҳод гардид, ки онро шӯрои соҳибкорони ҳар як самти соҳаи бофандагӣ идора намояд. Ҳар як вилоят намояндаи худро барои шӯро интихоб менамояд. Ходимони ассотсиатсия ба кластерҳо ва корхонаҳои бофандагӣ барои зиёд намудани истеҳсолот, сармоя, содирот ва фароҳам овардани ҷойҳои кор кумак хоҳанд кард.
Аҳамияти ба амал овардани тадбирҳои васеи таблиғотӣ дар мамлакатҳои Аврупо, кор дар болои брендҳо ва афзудани теъдоди содиркунандагони соҳиби сертификати байналхалқӣ таъкид шуд.
Пешниҳод гардид, ки гурӯҳҳои мутолиот ва рушд (R&D) дар кластерҳо барои таъмини ҳамгароии илм бо амалиёт ташкил карда шаванд.
Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад муҳокимагардида маълумоти шахсони масъул шунида шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: