АФЛОТУНМИСОЛЕ АЗ БАЛДАИ ФОХИРАИ БУХОРОИ ШАРИФ

(Бар пояи нусхаи “Тазкират-ул-хаттотин”-и Роҷӣ)

(Бар пояи нусхаи 
“Тазкират-ул-хаттотин”-и Роҷӣ)

Дастхати нодири  маснавии  “Тазкират-ул-хаттотин”-и Қозӣ  Мулло Муҳаммад Идрисхоҷа  мутахаллис ба Роҷии Бухороӣ, ки дар китобхонаи Донишгоҳи Лейдени Нидерланд (LIBRARY OF CONGRESS таҳти рақами  00277334379)  маҳфуз аст, соли гузашта зимни ҳамкорӣ бо хонум доктор Ҷейми Комстокк Скипп дар  китобхонаҳои Ӯзбекистон, хосса дар ганҷургоҳи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар мавзуи  ташхиси “Шоҳнома»-ҳои аҳди Темуриён”, аз ҷониби ӯ ба банда бо умеди таҳқиқ ва интишори он тақдим гардид.  Ёддоште мухтасар қабл аз оғози маснавӣ бад-ин сурат нигошта шудааст: 
“Маснавии Роҷӣ ба қалами котиби кӯчак  Иноятуллоҳхоҷаи Бухорӣ,  ҳадя дода шуда  ба Мир Муҳаммад Идриси Бухорӣ”. 
Ба қавли худи  Роҷӣ дар фароварди нусха  роҷеъ ба  санаи итмоми  китоб байтҳои зер оварда мешавад:
Бидеҳ соқӣ майе, то соли итмом,
Кунам арзи вафодорон ба икром.
Гули таърихи хатми ин мақола,
Ки хуш бишкуфта аз “Хатми рисола”,
Қубайли соле аз “Ғаззоти Ислом”,
Гирифт ин ҷамъу таълифам саранҷом. 
Ғазои Шоҳ Олимхони ғозӣ,
Ки созад Кирдгораш корсозӣ.
Ба хурди (фоидаи)  салтанат аз Ғарб то Шарқ,  
Чу Ховар ҷавҳари теғаш занад барқ!    
Ки ин мазмун дигар худ достонест,
Барои дӯстдорон армуғонест! 
Таъбири “Хатми рисола” моддаи таърих аст, ки ба ҳисоби абҷад  ба соли 1335 ҳ. ё 1917 м. мусодиф буда, ба муқтазои таъбири “қубайли соле”,  яъне андаке қаблтар  аз  соли  оғози ҷанги Амир Олимхон бо русҳо ишора шудааст. 
Ёддошти  саҳифаи охири  дастнавис (с.52): “Тамом шуд маснавии  «Тазкират-ул-хаттотин”-и Қозӣ Муҳаммад Идрисхоҷа Роҷии Бухороӣ (ғафара-л-Лоҳу зунубаҳу)  моҳи муҳаррам .... катабаҳу Иноятуллоҳхоҷаи Бухорӣ”  ишорати дигар дар таъйиди номи котиби нусхабардор мебошад. 
Ин китоб  дар соли зикргардида  ба  Девони мукаммали Роҷӣ  ба қалами  худаш  нигошта ва ворид карда  шудааст.  Далели ин амр дар ёддошти дигари қабл аз шурӯи тазкира аз тарафи молики китоб  зимни ин  сатрҳо мастур аст: 
“Тазкират-ул-хаттотин” аз асароти  Қозӣ Мулло Муҳаммад Идрисхоҷа Роҷии Бухорӣ  мебошад, ки аз Девони он иқтибос шудааст.  Девони мукаммали мазкур ба қалами худи муаллиф назди бародарзодаи ӯ – Мирзо Ато Муҳаммадхон, маъмури умури муҳосибаи  шорволии (шаҳрволии) Андихӯй мавҷуд аст, ки  тааллуқ бад-ин нусха дорад”.  
Бармеояд  котиби ин тазкира  онро аз рӯйи нусхаи қаламии худи муаллиф рӯнавис кардааст ва асли дастнависи Роҷӣ дар назди бародарзодаи ӯ  қарор дошта, аз ҳамон девон  иқтибос шудааст.  Чун аз нигоҳи таърих фосилаи замонӣ чандон дур нест, банда бар онам, ки агар олимони  нусхашиноси Ӯзбекистону Тоҷикистон бештар ҷидду ҷаҳд кунанд, шояд  тавассути ворисони ӯ он нусхаи қаламии муаллиф низ  пайдо шавад. 
Аҳамияти адабӣ, ҳунарӣ, таърихии ин рисолаи манзум, бар иловаи намунаи дурахшони  забони фасеҳу малеҳи равони  начандон дури форсии тоҷикӣ (а.XIX Аморати Бухоро), боз дар он аст, ки Роҷӣ худро ба хонанда нафақат чун як шоир, тазкиранавису маснависаро, балки ба унвони як муаррихи дақиқназари воқеоти таърихии дидаву таҷрибакардааш мешиносонад. Дар ибтидои маснавӣ, пас аз ҳамду наъти Худованду паёмбар ва асҳобаш,  Қозӣ Роҷӣ, зимни мабҳасе иборат аз 15-20 саҳифа, бо фасеҳтарин забони ҳамвору фаҳмои форсии тоҷикӣ ва бо истифода аз саноеи равшани балоғӣ  ба баёни “Муфрадоти ҳуруф” – тарзу меъёри нигориши ҳуруфи алифбои арабӣ, аз чанд нукта ва чӣ гуна ва бо чӣ сон шаклу шамоил  пайи ҳам чидани он нуктаҳо дар навишти ҳар як ҳарф баҳс мекунад. Баъдан зимни чанд байте  бо матлаи: 
“Бидеҳ соқӣ  майе, то з-ин тарона,
Кунам васфи шаҳаншоҳи замона”,     
ба  тавсифу таърифи  Амир Олимхон, охирин  амири Бухоро мепардозад ва дар пай, тайи  абёте обдор бо истиороту ташбеҳоти комилан наву ҷаззоб  сифати ҳамидаи Бухорои шариф мекунад:
Бидеҳ соқӣ майе, к-андар бидоят,
Диҳам як шамма  шарҳи  ин вилоят.
Ҷаҳон шахсу Бухоро омадаш дил,
Ба дил шуд эътибори шахс ҳосил.
Бухоро мағзу олам ҷумлагӣ пӯст, 
Барои мағз охир пӯст некӯст.
Муъаллоҳисса  дар устуҳи  олам1,
Ки дар илму ҳикам омад мусаллам.
Аз он омад мар ӯро “Фохира” ном,
Ки созад фахр бо булдон ба Ислом2!
Бахши манзума дар  ситоиши Бухоро,  бино  бар он ки   басе густурдаву  калонҳаҷм аст,  салоҳ донистем зимни мабҳасе дигар, ҷудогона баррасӣ шавад ва чун ҳадафи асосӣ зикри  хаттотони маъруф ва ғолибан гумном ва ё камшинохтаи  Бухорост, онро дунбол мекунем.
ТАВЗЕҲОТ  
1. Яъне дар сатҳи олам Бухоро ҳисса, мақоми басе баланде дорад.
2. Яъне Бухороро барои он ки дар байни кишварҳои дунё  аз  улуми диниву  инсониву илмӣ  тоҷи фахр бар сар  дорад, «Фохира” гӯянд.
Файз МАҲМУД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: