Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 сентябр директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Цю Донгюро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба амнияти озуқаворӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот роҳбари кишварамон меҳмони олиқадрро ба муносибати дубора ба вазифаи роҳбари сохтори пешбари соҳавии Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуданаш табрик гуфта, барои дастгирӣ ва иштироки шахсӣ дар кори конфронс, ки дар ин рӯзҳо дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, изҳори сипос намуд.
Директори генералии ФАО Президенти Ӯзбекистонро бо татбиқи бомуваффақияти ташаббус ва дар сатҳи олӣ ташкил намудани форуми байналмилалӣ оид ба рӯзномаи кунунии ҷаҳонӣ табрик гуфт.
Доир ба масъалаҳои муқовимат ба чолишҳои муосир ва таҳдидҳо ба амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла дар сатҳи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Нобаробарӣ дар рушди бахши кишоварзӣ, нарасидани захираҳои об, занҷирҳои тӯлонӣ ва бесамар, нокомӣ дар таъминоти логистикӣ ва ғайра ҳамчун хатарҳои асосии рушди устувор арзёбӣ мешаванд.
Дар бораи то соли 2030 байни Ўзбекистон ва ФАО ба Барномаи нави ҳамкорӣ ҳамроҳ кардани чорабиниҳои муштарак оид ба модернизатсияи соҳаи кишоварзӣ дар асоси тадқиқоти илмӣ ва инноватсия, рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, татбиқи воситаҳои самараноки дастгирии молиявӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши идоракунии системаи агро озуқаворӣ тавофуқ ҳосил шуд.