КМИ ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ ҶАМЪБАСТИ ИНТИХОБОТ ҚАРОР ҚАБУЛ НАМУД

Ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар он натиҷаи интихоботи пешазмуҳлати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 9 июли соли 2023 баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Тавре ки дар ҷамъомад таъкид шуд, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар дараҷаи муносиб бо иштироки фаъоли интихобкунандагон ба вуқӯъ пайваст. Беш аз 15,6 миллион нафар шаҳрвандоне, ки ба рӯйхати интихобкунандагон дохил шуда буданд, ё худ қариб 80 фоиз озодона иродаи худро баён намуда, ба номзаде, ки онро муносиб донистаанд, овоз додаанд.
Дар ҷамъомад баённомаи ҷамъбасти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 9 июли соли 2023 барпо гардид, тартиб дода шуд, инчунин қарор дар бораи тасдиқ намудани натиҷаи он қабул гардид. Аз он ҷумла, қарор дар бораи ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо 87,05 фоизи овозҳои интихобкунандагоне, ки дар интихобот ширкат намудаанд, интихоб гардидани Шавкат Миромонович Мирзиёев қабул гардид.
Инчунин дар баённома зикр шудааст, ки 4,43 фоизи интихобкунандагон барои номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» Робахон Анваровна Маҳмудова, 4,02 фоизи овозҳо барои номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон Улуғбек Илёсович Иноятов овоз дода, 3,74 фоизи овоздодагон номзадии Абдушукур Худойқулович Ҳамзаевро аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон дастгирӣ намудаанд.
Ғайр аз ин, масъалае баррасӣ гардид, ки бо муроҷиатҳое, ки ба Комиссияи марказии интихобот дар давраи тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи пешазмуҳлати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон расидаанд, алоқаманд мебошанд ва бобати онҳо қарори дахлдор қабул гардид. 

Муҳтарама КОМИЛОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: