ё худ қабри ғарибтарин шоири форсу тоҷик пас аз ҳафт аср низ ғариб мондааст
Боғи Камол дар маркази шаҳри Хуҷанд эҳтимол аз диданитарин маконҳои Тирози ҷаҳон бошад, ки хусусан қариб даҳ сол пеш дар ин ҷо пас аз қад афрохтани мақбараи рамзӣ, муҷассамаи барқад ва таъсиси Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ он боз дилработар ва диданитар гардид. Аммо дар Табрез, мутаассифона, хокҷои шоири бузург мисли ин ки то ҳанӯз бесоҳиб ва хароб боқӣ мемонад.
Вақте бинанда аз самти шарқӣ, шафати дарёи Сир, ки он ҷо киштии рамзии қаҳрамони афсонавии миллии тоҷик Темурмалик низ дар соҳил гузошта шудааст, ба боғ ворид мегардад, аз охири домани он мақбараи рамзии боҳашамат ба назар бараъло маълум мегардад, ки хеле шинам ва мисли нигине дар ин фароғатгоҳ аст. Ҳангоме ки ба ин шоҳкории ҳунари меъморӣ аз дуроҳаи тӯлонии бо раддаи гулҳо аз ҳам ҷудошуда наздик мешавед, дар тарафи рост – наздиктар ба дарё ҳайкали Шайх Камол намудор мегардад, ки хеле босалиқа ва ҳунармандона тарошида шудааст. Мақбара, ки ҳамагӣ чанд қадам аз муҷассамаи бо маҷнунбедҳо иҳоташуда ҷой гирифтааст, дар шакли мақбараҳои анъанавии бузургони дигарамон дар маҳалҳои гуногуни ҳавзаҳои адабиётамон бунёд гаштааст. Аммо ба назди он аз ҳама ҷонибаш бо зинаҳо баромадан лозим аст, ки ин пилапояҳо мисли тарҳи берунии ҳошияи гунбад ҳашт гӯша дошта, ҳар яки он ба сутунҳои ҷуфт такя мекунад, ки дар маҷмӯъ онҳо ҳашт сутунро ташкил менамоянд. Дар зери гунбади фирӯзаранги боҳашамат боз як мақбараи хурди заррингунбад ҷойгир карда шудааст, ки чандин тирезаи чӯбин дохили онро равшан менамояд ва мувофиқан қабри рамзии Шайх Камол маҳз дар ҳамин қафаси нақшину боҳаво ҷой гирифтааст. Дар лавҳаи мармарини девори берун мехонем: «Мушти хоки мадфани шоир аз Табрез дастрас шуда, 21 марти соли 2015 онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақбараи рамзӣ гузоштаанд».
Дохилтар аз мақбара, дар кунҷи чапи боғ як майдони ангурзоре аст, ки шохҳояш баландтар аз қади одам сурӣ карда шудааст. Аз зери ин ангурзор гузашта, ба деворе мерасед, ки дар мобайнаш дари чӯбини қадимаи дутабақа дошта, дар сақфаш навишта шудааст: «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ». Ба ростӣ, замоне, ки бори аввал ба ин музей омада будам, тааҷҷуб кардам, чунки чунин «хона-музей»-ро, ки соҳибаш чандин аср пеш вафот кардааст, бори аввал дида будам. Воқеан ҳам тасаввур карданаш мушкил – шахси таърихие, ки аз ӯ ба ғайр аз шеър дигар ашёву дастмояе мерос намондааст, ба номаш хона-музей ташкил намудаанд?!
Осорхона аз остонааш аз «қадимият»-и худ дарак медиҳад. Дар ҳарду табақаи дар зулфонҳои алоҳида зада шудааст, ки яке аз дар хона будани мардина дарак медиҳад, дигаре – аз занак. Ин гуна даракдиҳӣ дар дари хонаводаҳо то сад-саду панҷоҳ сол пеш аз ин ҳанӯз вуҷуд дошт.
– Ин хонаҳо инъикосгари меъмории қадима мебошанд, – ба вазифаи роҳбаладии худ пардохт Таҳмина Тошматова, – ҳавлии музей аз ду қисм иборат аст: занона ва мардона. Ҳавлии мардона соҳиби меҳмонхонаи баҳорона ва зимистона ва низ таҳсилгоҳ мебошад. Қисми занона бошад, аз коргоҳ, анбори захира, инчунин мисли қисми мардона аз ду меҳмонхона иборат мебошад. Ошхонаи зимистона низ дар қисми занона ҷойгир аст.
Дар анборхонаи музей ҳар гуна меваҷот ва сабзавоти хушк, гӯшту қазӣ, дигар анвои хӯрданӣ захира карда шуда буд, ки онҳо бояд аз намунаҳои ғизои давраи Шайх Камол ва шеваи зиндагии он тасаввурот ҳосил намоянд.
Дар меҳмонхона бошад, ғайр аз сандалии муқаррарӣ, ашёҳои дар тоқчаҳои бари девор чидашуда диққатро ҷалб мекард.
– Аз ин ашёву василаҳои рӯзгор ҳеч кадоме аз рӯзгори шоир боқӣ мондаанд? – суол кардем аз Таҳмина.
– Тамоми ин ҷиҳозу ашёҳое, ки мебинед, аз мардум ҷамъоварӣ карда шудааст. Аксарияти онҳо қадимӣ ҳастанд, – мегӯяд роҳбалади музей.
Ин ходими музей дар бораи он ки «ҳоло маҳалли таваллуди шоир дар шаҳр маълум аст ё не», мегӯяд, ки дақиқ нест, лекин аниқ аст, ки ин ҷо нест.
Бо дари чӯбин ба ҳавлии берун – боғ мебароем, ки дарахтони гуногун онро дар тирамоҳи гузашта низ хеле дилнишин кардаанд ва Таҳмина бо илтифот аз меваи хурмо чанд дона канда, ба мо дароз кард: «Ин табаррукӣ».
Роҳбаладамон қисса мекунад, ки дар меҳмонхонаи занона барои духтарон ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла шерозадӯзӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ омӯзонда мешавад ва дар ин ҷо дутор ҳам ба чашм мерасад, ки ба қавли роҳбалад, занон дар даврони шоир ҳам вақти фароғат базмороӣ мекардаанд.
Бинои хона-музейи коҳгилӣ ё каҳлойӣ то имкон ҳаст, аз маишат ва усули рӯзгори Хуҷанди асрҳои миёна далолат ва тасаввурот медиҳад. Дар зодгоҳ Шайх Камол воқиан пас аз қарнҳо қадр ёфтааст. Ба ғайр аз ин чорбоғи пурвусъат, номи театри асосии вилоят, муҷассамае дар хиёбони марказӣ ва боз даҳҳо муассисаву маконҳои фарҳангӣ номи маъруфтарин фарзанди Хуҷандро дорад.
Аз шарҳи ҳоли Камолиддин Масъуд маълум аст, ки ӯ пас аз сарсониву саргардониҳо бо амри сарнавишт ва осори талхи муғултозиҳо дар Табрези Эрони имрӯза дар ғарибӣ фавтидааст.
Дар ин замина аз ходими музей савол кардем, ки «ғайр аз як қабза хок аз ҳаёти табрезии шоир дар ин ҷо нишонае ҳаст?»
– Дигар чизе нест. Медонед, дар Табрез хокҷойи Камоли Хуҷандӣ аниқ нест. Он ҷо ду қабр ҳаст, ки ҳардуи онро «Дукамола» ном мебаранд. Гап дар сари он аст, ки наққоши бузурги асри XV-XVI Камолиддин Беҳзод низ дар Табрез дафн шудааст ва ба далели ҳамномӣ ҳарду қабрро якҷоя «Дукамола» меноманд. Рӯй ва атрофи гӯр ҳам мисли дигар аҳли қабр хокӣ ва оддӣ мебошад, – мегӯяд Таҳмина Ташматова.
Бо вуҷуди он ки Беҳзод пас аз ним асри вафоти Шайх Камол таваллуд ёфтааст, дар маҳалли дафни онҳо Волиёнкӯҳ чунин иштибоҳе роҳ ёфтааст.
Мо аз оромгоҳҳои Ҳофизу Саъдӣ дар Шероз, Хайёму Аттор ва Фирдавсиву Ҳоҷу дар шимоли Эрон медонем, ки мақбараҳои онҳо бо чӣ гуна ҳунари нафису нотакрор қад афрохтаанд, аз ин боис наметавон гуфт, ки дар Эрон бузургони адаби оламгири форс-тоҷик қадр намегарданд. Маълум мегардад, ки қабри ғарибтарин шоири адабиётамон мисли худаш то ҳанӯз ғариб боқӣ мемонад. Барои ин лозим аст, ки аввал қабрҳои ду нафар нобиға дақиқ карда шавад. Магарам барои ин боз як Герасимови дигар ва Айнии дигар лозим аст то дақиқ намоянд, ки кадоме аз ин «Камол»-ҳо Хуҷандианду кадоме ҳиротӣ. Вагарна аз қаъри қарнҳо ин шиква ва нолаи бароямон маълуми шоир таъқибамон кардан мегирад:
Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
шаҳри Хуҷанд,ТОҶИКИСТОН.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.