ҚУДРАТИ ИЛМРО ЗАВОЛЕ НЕСТ

Ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо бар асоси Фармони сарвари давлатамон дар қатори дигарон дотсенти кафедраи фалсафа ва ғояи миллии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Маҳбуба Эргашева бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардид.

 Ба ҳамин муносибат бо ӯ суҳбат оростем.
– Шукр, ки имрӯз халқи сермиллати аҳлу тифоқи мо бо рӯҳи якдилии бузург ва ҳамҷиҳатӣ чун фарзандони як оила умр ба сар мебаранд, – гуфт Маҳбуба Ҳотамбековна, – боиси хушнудист, ки ҳоло дар сарзамини бостонӣ ва нотакрорамон, таҳти шиори «Ӯзбекистон–хонаи умумии мо» намояндагони беш аз 100 миллату халқият зиндагӣ мекунанд.  Камина яке аз он шахсони хушбахт ҳастам, ки дар ин диёри ҷаннатмакон зисту зиндагонӣ ва кор мекунам. Ба қарибӣ Президенти муҳтарам меҳнати камтаронаи маро хеле баланд қадр кард.
– Маҳбуба Ҳотамбековна, чӣ сабаб шуд, ки шумо фалсафаро дӯст доштед? 
– Солҳои таҳсил дар мактаб ба соҳаи бостоншиносӣ мароқ доштам, бисёр асарҳои таърихиро мутолиа мекардам. Баробари мутолиа панду андарзҳои бузургонро дар дафтари алоҳида менавиштам. Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супорида, донишҷӯ шудам. Солҳои таҳсил аз устодон, профессорон Ҷӯрабек Яхшибеков, Акрам Азизқулов, Моҳира Мадраҳимова ва дигарон асрори илм омӯхтам. Ҳамин тариқ солҳои донишҷӯӣ илми фалсафа маро ба худ ҷалб кард. Зеро «философия» маънии «дӯстдори ҳикмат»-ро дошта, таълимотест дар бораи асосҳои ҳастӣ ва маърифат.... Хуллас,  фалсафа фанни бағоят шавқовару беохир аст. Кори илмии ман, мавзӯи дараҷаи докториам (РНД) «Ғояҳои фалсафӣ дар «Авесто» аст. Ин мавзӯъро таҳти раҳнамоии роҳбари илмиам, профессор Бахтиёр Тӯраев меомӯзам. То имрӯз қариб сӣ мақолаи илмию тадқиқотӣ навиштаам, ки дар нашрияҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Русия ва ғайра чоп шудаанд. Охир дар он диле, ки талаб ҳаст, оромидан нест.
– Вақти холиатонро чӣ хел мегузаронед?
– Барои зан оила, тарбияи фарзанд, пухту паз... аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ мебошанд, ки камина низ аз ин истисно нестам. Ғайр аз ин, мураббиёну омӯзгорон қишри аз ҳама пешқадам, бомаърифат ва равшанфикри ҷомеаро ташкил медиҳанд, вазифаи асосии мо насли наврасро ба замона хос таълиму тарбия додан аст. Бинобар ҳамин кӯшиш мекунам, ки дар Ӯзбекистони Нав, ҷаҳонбинии наву пешқадам ва дӯстии халқҳо ҳукмрон бошад. Зеро қудрати илмро завол нест... 
Ногуфта намонад, ки Маҳбуба Эргашева баробари муваффақиятҳои илмӣ дар зиндагӣ низ бонуи муваффақ аст. Модари се фарзанд – Асадбеку Азизбек ва Диёрҷон буда, баҳри муносиби давру замон тарбия намудани онҳо саъй мекунад. 

Суҳбаторо Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: