Дар кластери мошинсозии кишоварзӣ аввалин трактор истеҳсол карда шуд

  • Дар кластери мошинсозии кишоварзӣ аввалин трактор истеҳсол карда шуд

Кластер мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 11 ноябри соли 2021 ташкил карда шудааст.

Иқтидорҳои 5 корхонаи муҳандисӣ оптимизатсия карда шуда, дар заминаи заводи техникаҳои кишоварзии Чирчиқ низоми кластерии силсилаи пурра таъсис дода шуд. Бо ин мақсад объектҳои нави масоҳаташ 38 ҳазор метри мураббаъ сохта, зиёда аз 35 ҳазор метри мураббаъ биноҳои мавҷуда таъмир карда шуданд.

Кластер қодир аст соле 15 ҳазор трактор, присеп ва техникаи дигар истеҳсол намояд. 1000 нафар бо кор таъмин карда шуданд. Боз як ҷиҳати муҳим вусъат додани кооператсияи корхонаҳои саноатӣ, коҳиш додани хароҷот  ва арзиши аслии маҳсулот мебошад.

Ба қарибӣ дар кластер аввалин маҳсулоти ватанӣ — трактори универсалӣ бароварда шуд. Президент Шавкат Мирзиёев бо мошинҳои аввалин шинос шуд.

Инчунин истеҳсоли комбайни ғалладарав ба роҳ монда шудааст. Муҳимияти идомаи кор дар ин самт, маҳаллисозии маҳсулоти воридотӣ ва ҷалби бахши хусусӣ ба ин раванд таъкид шуд.

– Дар хоҷагии қишлоқи мо ба техника талабот калон аст. Ба мо техникаи арзон, ватанӣ, сарфакор лозим аст. Ин оид ба маҳаллисозӣ ва арзиши аслӣ кор карданро талаб мекунад. Агар деҳқононро мо бо техникаи арзон таъмин накунем,  манфиатдорӣ нахоҳад шуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Сарвари давлат аҳамияти хидматрасонии техникӣ ба таҷҳизотро таъкид кард.

Қайд карда шуд, ки кластер бояд на танҳо фурӯшад, балки ба техника хидмат расонад.

Вазифа гузошта шуд, ки дар мисоли вилояти Тошканд марказҳои хидматрасонӣ созмон дода, хизматрасонии босифат ташкил карда, ба ҷавонон таъмири техника бепул омӯзонида шавад.

Дар кластер ба ҳамгироии илму истеҳсолот таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, маркази муосири илмӣ кушода шудааст. Дар ҳамкорӣ бо марказҳои таълимии ширкатҳои Олмон ва Шветсия дар ин ҷо дар шакли таҳсили пайвастаи дуалӣ мутахассисон омода карда мешаванд. Ҳамзамон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар кластер таҷрибаомӯзии худро мустаҳкам мекунанд.

Президент намунаҳои маҳсулотро аз назар гузаронда, бо мутахассисон суҳбат кард.

– Ҳоло дар маҳалҳо, дар кластерҳо ҳаҷми пахтаи бо мошин чидашуда ба 50 фоиз наздик мешавад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ мо беш аз 550 миллион доллар меваю сабзавот содир кардем ва дар ояндаи наздик ба 2-3 миллиард расонданием. Дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлоқ боз бисёр лоиҳаҳо ҳастанд. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва осон кардани меҳнати одамон ба онҳо техникаи хушсифату арзон лозим аст, – гуфт Президент.

Дар кластер ба истифодаи манбаъҳои муқобили энергия таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Аз ҷумла, дар майдони 20 ҳазор метри мураббаъ панелҳои офтобӣ насб карда шудаанд. Ин метавонад то 30 дарсади ниёзҳои кластерро ба неруи барқ ​​пӯшонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: