Президент Шавкат Мирзиёев 11 август бо бинои нави Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯ Алӣ Ибни Синои Бухоро шинос шуд.
Қаблан ин маскани таълим дар биноҳои дар солҳои 50-60-ум асри гузашта сохташуда пораканда ҷойгир шуда буданд. Донишкада ҳатто клиникаи худро надошт. Дар доираи барномаи сармоягузорӣ моҳи майи соли ҷорӣ маҷмӯи нав сохта ба истифода дода шуд.
Корпуси таълимӣ барои 900 нафар, клиникаи дорои 200 кат, маркази таълимию симулятсия, виварий, толори варзишӣ, хобгоҳи донишҷӯён барои 1,2 ҳазор нафар дар як ҷо ҷойгир шудаанд. Филиали Донишкадаи иммунология ва геномикаи одами Академияи фанҳо низ ташкил карда шуд.
Имрӯз дар донишкада аз рӯйи 9 самт аз қабили тибби умумӣ, педиатрия, стоматология, курсҳои олии ҳамшираи шафқат, педагогикаи тиббӣ, профилактикаи тиббӣ, биологияи тиббӣ, тибби халқӣ, дорусозӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. Ба онҳо 568 нафар профессорону омӯзгорон сабақ медиҳанд.
– Маскани олии ба Ӯзбекистони Нав муносиб гардид. Акнун иқтидори илмии он бояд ба халқи мо хидмат кунад. Мо дар вилоятҳо Академияи тиббӣ, марказҳои махсуси илмӣ, институтҳо дорем. Мардуми мо аз онҳо чӣ фоида мегирад? Барои ин онҳоро ба маҳалҳо вобаста кардан, муҳити солими тиббию иҷтимоиро фароҳам овардан лозим. Масалан, мумкин аст, ки ба мутахассисон барои кам кардани бемориҳо дар маҳаллаҳои таъиншуда иловапулӣ дода шавад. Образнок ифода намоем аз нуқтаи назари профилактикӣ онҳо бояд 36 миллион нафар аҳолиро мисли чатр ҳимоя кунанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Аҳамияти ташкили фитобарҳо дар маҳаллаҳо, баланд бардоштани хабардорӣ дар бораи нафъи растаниҳои шифобахш, созмон додани кластери дорусозӣ дар Бухоро қайд гардид.
Дар ин ҷо лоиҳаи рушди шаҳри Бухоро низ баррасӣ гардид.
Зарурати беҳтар гардондани инфрасохтори сайёҳӣ ва вусъат додани шароит барои ташрифовардагон дар қисми таърихии Бухоро қайд гардид. Пешбинӣ шудааст, ки қисми ғарбии обанбори Тӯдакӯл ба вилояти Бухоро дода, дар он ҷо курортҳо ташкил карда шавад.
– Агар мо иқтисодиёти муътадили Бухороро ба даст овардан хоҳем, бояд иқтидори сайёҳиро даҳ баробар зиёд кунем. Мо бояд на танҳо дар бораи имрӯз, соли оянда, балки 50 соли оянда ҳам фикр кунем. Агар ба вилоят 10 миллион сайёҳ ояд, мутаносибан ҳаҷми хидматрасонӣ зиёд шуда, даромади он чандин баробар меафзояд, – гуфт Сарвари давлат.
Бо ҳамин сафар ба вилояти Бухоро анҷом ёфт, Президент Шавкат Мирзиёев ба Тошканд баргашт.