Дар корхонаи бофандагии Ромитан ҳазор нафар занон бо кор таъминанд

  • Дар корхонаи бофандагии Ромитан ҳазор нафар занон бо кор таъминанд

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи "WBM Romitex"-и ноҳияи Ромитан шинос шуд.

Корхона потенсиали калон дорад. Арзиши лоиҳа беш аз 93 миллион долларро ташкил медиҳад. Майдони комплекс 20 гектар, аз ҷумла 7 гектар майдони истеҳсолӣ мебошад. Таҷҳизоти пешрафта аз Туркия ва Олмон насб шудааст. Иқтидорҳои истеҳсоли 25 ҳазор тонна калоба дар як сол ва 1000 ҷои кор ба вуҷуд оварда шудаанд.

— Хурсандам, ки дар шароити Ромитан чунин корхона пайдо шуд. Давлат бо инфрасохтор, маблағ, имкониятҳо кумак кард. Натиҷаи аз ҳама муҳим, ҳазорҳо нафар бонувони мо бо кор таъмин шуданд», — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Фармони Президенти Ӯзбекистон “Дар бораи чораҳои дастгирии фаъолияти кластерҳои пахтаю бофандагӣ, ислоҳсозии куллии саноати бофандандагӣ, дӯзандагию трикотажӣ, инчунин минбаъд баланд бардоштани неруи содиротии соҳа"  аз 10 январи соли равон ба ин гуна корхонаҳо кумаки бузург гардид.  Аз ҷумла, пешниҳоди маблағҳои гардон ба воситаи  қарздиҳии револверӣ устувории истеҳсолотро таъмин намуд.

Дар марҳилаи дуюми лоиҳа ба роҳ мондани истеҳсоли матои тайёр пешбинӣ шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ин имкон медиҳад, ки дар деҳот тақрибан 3000 ҷойи корӣ таъсис дода шавад.

Сарвари давлат оид ба баланд бардоштани сифат ва зиёд намудани навъи маҳсулот, роҳандозии содирот супоришҳо дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: