МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР ВИЛОЯТИ НАВОӢ

Ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаи таълими кишвар ба мақсади ташаккули маънавият ва донишандӯзии толибилмон роҳандозӣ гардидааст.

Ҷавонон ояндасози кишвар мебошанд. Ҷавонони соҳибтахассус, ташаббускор, соҳибкору созандаи бомаърифат маҳз дар остонаи мактаб ташаккул меёбанд. Ба ин мақсади наку мактабҳои вилояти Навоӣ чун дигар дабистонҳои кишвар дарҳои худро боз намудаанд.
Дар мактабҳои вилояти Навоӣ соли хониши 2023-2024 190 561 нафар толибилм таълиму тарбия мегиранд. Ба синфи якум 20 374 нафар кӯдакон қабул гардидаанд. Имрӯз дар вилоят 366 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият дорад. Аз ин миқдор дутоаш мактаб-интернатҳои ихтисосёфтаи эҷодӣ мебошанд. Ба ҷуз ин, дар вилоят як мактаби президентӣ ва ҳафт муассисаи таълимии ихтисосёфтаи назди  агентии муассисаҳои таълимии Президент толибилмонро қабул намудаанд.
Дар муассисаҳои таълимии вилоят 20 964 нафар омӯзгорон фаъолият пеш мебаранд. Аз онҳо 19 333 нафарашон маълумоти олӣ, 904 нафар маълумоти олии нопурра дошта, 727 нафар коллеҷҳои педагогиро хатм намудаанд. 
Сифат ва самаранокии фаъолияти омӯзгорон як ранг нест, фаъолияти онҳо аз ҳам тафовут дорад. 
Дар муассисаҳои таълими вилоят 3 360 нафар омӯзгорони тоифаи олӣ, 5 127 нафар муаллимони тоифаи якум, 5 445 нафар тоифаи дуюм ва 5 401 нафар омӯзгори соҳибихтисос машғули таълиму тарбия мебошанд.
Соли равон дар вилоят барои 3880 нафар толибилм ду бинои мактаби нав ва ҳафт бинои иловагӣ дар назди мактабҳо бунёд гардид. Дар ин ҷараён соҳибкорони маърифатпарвари вилоят саҳми мондагор мегузоранд. Соҳибкори саховатманд А.Саксонов ҳимматбаландӣ намуда, бо маблағи  23 миллиард сӯм ҳомигӣ намуд, мактаби навро барои 990 нафар толибилм бунёд намуда, ба истифода супорид. Дар маросими кушодашавии мактаб ҳокими вилоят Н. Турсунов иштирок намуд.
                               
Ӯ. РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: