ОБИ ТОЗА – ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Дар робита ба таъмин намудани аҳолии вилояти Қашқадарё бо оби тозаи ошомиданӣ чандин лоиҳаи хурду бузург дар амал татбиқ мегардад, ки ба некуаҳволии мардум нигаронида шудаанд.

Яке аз чунин тарҳҳои хеле муҳим дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Янгиобод»-и ноҳияи Нишон амалӣ гардида, боиси хурсандии аҳолии ин мавзеъ шуд. Тарҳи мазкур дар доираи дастурҳои ҳукуматии вобаста ба беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ дар саросари ҷумҳурӣ, хоса бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин сохтани мардум рӯи кор омада, пурра аз буҷаи давлат маблағгузорӣ шудааст. Барои сохтани иншооти обнигаҳдорӣ ва тақсими он дар маҳаллаи «Янгиобод» ҳудуди 8 миллиарду 948 миллион сӯм маблағ сарф гардидааст. Расми кушоиши ин иншоот бо иштироки меҳмонони зиёд аз маркази вилояту ноҳия ба таври тантанавӣ сурат гирифт. Кунун аз 820 хонадони ин маҳал 510 ададаш бо оби тоза таъмин гардиданд. Бошандагони маҳалла аз сиёсати хирадмандона ва мардумнавози раҳбарони давлат изҳори қаноатмандӣ карданд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: