Мулоқоти телефонии Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Қазоқистон

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 июн бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сарвари давлатамон ба Президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва мардуми бародари Қазоқистон дар робита ба талафоти ҷонӣ бар асари сӯхтори ҷангал дар вилояти Абай изҳори ҳамдардии амиқ ва дастгирӣ кард. Омодагӣ барои расондани ҳама гуна кумак дар мубориза бо офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои он таъкид шуд.

Сарони ду кишвар ҳамчунин масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистонро баррасӣ карданд.

Ба тезонидани татбиқи амалии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Аз рӯи рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор барпо гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: