ДАР НОҲИЯИ КОСОНСОЙ ЛОИҲАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ ҚОЛИН ОҒОЗ ГАРДИД

Солҳои охир дар вилояти Намангон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба субъектҳои соҳибкорӣ диққати махсус дода мешавад.

. Дар натиҷа бисёр лоиҳаҳои истиқболнок амалӣ мешаванд. 

Корхонаи истеҳсоли қолин ва маҳсулоти қолинбофӣ аз ҷумлаи инҳост, ки дар ноҳияи Косонсой ба фаъолият оғоз кардааст. Имрӯз ноҳия барои сармоягузории хусусӣ ба майдони мусоид табдил ёфтааст. Арзиши умумии ин лоиҳа 1 миллион долларро ташкил медиҳад ва ҳоло равандҳои марҳилаи аввал оғоз шудаанд. Дар натиҷа 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Дар марҳилаи аввали ин тарҳ, ки аз ҷониби ширкати хориҷии ба истеҳсоли қолинҳо махсусгардонидашудаи Ҷумҳурии Чин роҳандозӣ шудааст, 790 ҳазор доллар сармоягузорӣ шудааст. 
Корхонаи мазкур соли 1960 дар Чин таъсис ёфта, дар он аз пашми гӯсфандҳои Зелландияи Нав қолинҳо тайёр карда мешаванд. Ҷуғрофияи содирот низ хеле васеъ аст. Маҳсулоти тайёр ба зиёда аз 15 кишвар, аз қабили Фаронса, Амрико, Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ, Куриёи Ҷанубӣ содир карда мешавад.
– Мо лоиҳаи калонро чаро маҳз дар ноҳияи Косонсой татбиқ менамоем, чунки дар ин ҷо барои сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, қувваи корӣ мавҷуд аст. 
– Ширкати мо моҳи июл ба кор шурӯъ кард. Тамоми хатти истеҳсол якҷоя бо ашёи хом 1 миллион долларро ташкил медиҳад. Бо дизайнерҳои байналхалқии тиҷоратӣ ва манзилӣ таҷрибаи бойи корӣ дорем. Маҳсулотамон мувофиқи хоҳиши мизоҷон намуди замонавию миллӣ дорад, –мегӯяд таъсисгари корхонаи хориҷии «Premium Wool Carpets» Yin Haiqing. 
Ҷиҳати дигар он аст, ки риштаҳои бо рангҳои гуногун рангшуда аз Ҷумҳурии Халқии Чин оварда мешаванд. 
Қолин ва маҳсулоти қолинбофӣ ба ноҳияҳои водӣ ва вилояти Самарқанд фиристода мешавад. Ҳоло дар корхона 3 нафар мутахассисони чинӣ ба коргарон технологияи қолинбофиро меомӯзанд.
Сармоягузорон таъкид мекунанд, ки дар марҳилаи минбаъдаи лоиҳа технологияи ресандагӣ ва рангубор низ оварда мешавад. Ин ба рушди қолинбофӣ дар минтақа ва васеъ намудани имкониятҳои содирот хидмат мекунад.

М. МАМАҶОНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: