ГУРӮҲИ НАВОРБАРДОРИИ ОЛМОН ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН ФИЛМ ОМОДА МЕКУНАД

Ширкати олмонии «BEWEGTE ZEITEN Filmproduktion GmbH» бинобар фармоиши Шабакаи дуввуми телевизиони Олмон «ZDF» ба таҳияи филми мустанад дар бораи Ӯзбекистон шурӯъ намуд.

Ширкати олмонии «BEWEGTE ZEITEN Filmproduktion GmbH» бинобар фармоиши Шабакаи дуввуми телевизиони Олмон «ZDF» ба таҳияи филми мустанад дар бораи Ӯзбекистон шурӯъ намуд.
Бо ин мақсад гурӯҳи наворбардорӣ бо роҳбарии коргардони олмонӣ Беттина Вобст аз Франкфурт ба Тошканд омад. Сафари эҷодии филмҳои мустанади олмонӣ бо дастгирии Сафорати кишварамон дар Олмон ва Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ӯзбекистон ташкил карда шудааст.
Дар доираи сафари даҳрӯза коргардонҳои филми мустанади Олмон ният доранд дар Тошканд, Самарқанд ва Нуқус навор бардоранд. Намоиши филм дар шабакаи телевизионии «ZDF» моҳи декабри соли 2021 дар вақти асосӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Бояд қайд кард, ки «ZDF» (Zweites Deutsches Fernsehen) - канали дуюми телевизиони Олмон – яке аз калонтарин ширкатҳои телевизионии миллии Олмон бо тамошобинони бисёрмиллиона мебошад, ширкати «BEWEGTE ZEITEN Filmproduktion GmbH» яке аз пешсафони филми мустанади Олмон, барандагони ҷоизаҳои бонуфуз мебошад.

АИ «Дунё», 
БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: