ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ ЯК БОНУИ СОҲИБКОР

Чандин сол аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барои рафъи камбизоатӣ дар байни аҳолӣ талош варзида, дар ин росто тарҳҳои хубу ҷолиберо рӯи даст гирифтааст.

Яке аз онҳо ташкил намудани «Дафтари занон» ва «Дафтари оҳанин» аст, ки пас аз омӯзиши амиқ ниёзмандтарин бонувони маҳаллӣ сабти ном мегарданд.

Тибқи ин тарҳи хеле ҷолиб ба занони хонашин дастгоҳҳои мухталифи дӯзандагиву пазандагӣ ва ё қарзҳои мӯътадил дода мешаванд, то онҳо худро бо шуғле банд сохтаву ба буҷаи оила даромаде ворид созанд. Ҳукумат хушбин аст, ки дар пайи комилан шаффоф татбиқ гардидани чунин тарҳҳои ҷолиб ва сидқан аз пайи такмили касбу кори худ  шудан аз байни бонувон соҳибкорони муваффақе пайдо хоҳанд шуд, ки чандин касони бекорро бо шуғли доимиву мавсимӣ таъмин хоҳанд сохт. 
Бо гузашти солҳо ин нақшаи ҳукумат самари худро медиҳад. Яке аз чунин бонувони дар ибтидо хонашин Саодат Қӯйлиева мебошад, ки ӯ сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Боғчамир»-и ноҳияи  Чироқчӣ буда, соле қабл аз ин чун садҳо нафар занони ниёзманди хонашин дар феҳристи «Дафтари занон» меистод. Аввал андаке хондаву пешаи дӯзандагиро фаро гирифт. Азбаски шавқи беандозае дошт, махсусиятҳои онро зуд аз худ намуд. Чун дастонаш ба кори дӯзандагӣ ром шуданд, сертификати шуғл дастрас намуд ва билохира, бо кумаки ҳукумати маҳаллӣ соҳиби дастгоҳи дарздӯзӣ гашт. Акнун шодии Саодатро ҳадду каноре набуд. Вай шабу рӯз  хидмат намуда, аз байни пайвандон ва таборони иштиёқманд чандин нафарро ҷамъ овардаву нозукиҳои ин касбро омӯзонд. Онҳо барои оилаҳои хоҳишманди маҳалла астар ва ҷилди кӯрпаву кӯрпачаҳо медӯхтанд. Дар зудтарин фурсат маъруф гашта, ба такмили коргоҳи навбунёди худ пардохт. 
Саодат Қӯйлиева мегӯяд: 
– Айни ҳол 18 нафар шогирд дорам, ки ҳар кадом дар пешаи дӯзандагӣ чирадаст гаштаанд. Мо ин тавр меҳнат кардаву даромаде ба даст меоварем ва як қисмати онро барои ривоҷи минбаъди коргоҳи худ нигаҳ медорем. Ният дорем, ки дастгоҳҳои нав харид намудаву ба ҳаҷми истеҳсолот афзоем. 
Вай иқрор шуд, ки маҳз бо кумаки ҳукумати маҳаллӣ нахустин қадамҳои худро дар соҳаи соҳибкорӣ гузошта ва минбаъд танҳо меҳнати ҳалол боиси пешрафтҳояш гаштааст. Саодати акнун дӯзандаи моҳир ва сарвари як коргоҳи хурд аз роҳбарияти ҷумҳурӣ сипосгузор аст, ки ба бонувони мисли ӯ хонашин шароити мусоиде фароҳам месозад. 
– Аксари кормандони коргоҳи навтаъсиси мо хешу таборони мананд, ки хонашин буданд ва дар орзуи ҷойи кор умр ба сар мебурданд. Яке холаву дигаре амма, сеюмӣ ҷияну чаҳорумӣ духтари ҳамсояи мананд. Ҳоло ҳама аз касби худ ризо буда, ба ҷон меҳнат мекунанд, то якашон ба ду расад. 
Соҳибкори акнун муваффақ Саодат Қӯйлиева ҳоло на танҳо ба аҳли маҳаллаи худ, балки барои кулли хоҳишмандон аз ноҳияи Чироқчӣ ҷилди кӯрпаву кӯрпачаю болишт ва астари онҳоро омода месозад. Вай бо фахр мегӯяд, ки ҳатто аз навоҳии дигари вилояти Қашқадарё ва устони Сурхондарёи ҳамсоя хоҳишмандон пайдо гардиданд, то маҳсулоти моро бихаранд. 
– Агар ба ин тартиб кори мо идома кунад, хеле ривоҷ хоҳем ёфт ва бозори дохилиро ба маҳсулоти дастидӯхту хушсифати маҳаллӣ пур хоҳем сохт, – хушҳол мегӯяд Саодат ва аз бонувони хонашин даъват мекунад, ки ҳаргиз даст болои даст нанишинанд ва аз кумакҳои ҳукумат дуруст истифода намуда, дар роҳи соҳибкорӣ қадамҳои устувор гузоранд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: