ТОҶИКУ ӮЗБЕК

Ду халқи аз азал ёру бародар тоҷику ӯзбек!

Ду қавми босаодат, покгавҳар тоҷику ӯзбек!

Зи Ҷомию Навоӣ реша дорад дӯстии мо,
Ду ҳамтақдиру ҳамдил, шеърпарвар тоҷику ӯзбек!

Камоли ҳангу фарҳангаш, навои чангу оҳангаш,
Расида то уфуқи чархи ахзар тоҷику ӯзбек!

Бинозад аз мақоми «Шашмақом»-у иди «Наврӯз»-аш,
Ду хуштолеу хушбин, саъдахтар тоҷику ӯзбек!

Ба туркӣ «Хуш келибсиз», бо дарӣ «Хуш омадед» гӯяд,
Бувад меҳмоннавозу меҳргустар тоҷику ӯзбек!

Гаҳе аз хеш ҳам наздик, гаҳе ӯзбеку гаҳ тоҷик,
Ду шохи як дарахти сабзи бовар тоҷику ӯзбек!

Забонаш ангубину холӣ аз ғассу самин бошад,
Сухан гӯяд ба тарзи ширу шаккар тоҷику ӯзбек!

Чу Шавкат Мирзиё, Эмомалӣ Раҳмон зи лутфи Ҳақ,
Ки дорад инчунин фарзонасарвар тоҷику ӯзбек!

Сифоту шарҳи авсофаш бурун аз ҳадди гуфтор аст,
Намегунҷад ба сад девону дафтар тоҷику ӯзбек!   

Илҳом Эшонзодаи НАСАФӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: