Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд

  • Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд
  • Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд
  • Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд
  • Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд
  • Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд
  • Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд
  • Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд
  • Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд
  • Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд
  • Саноати заргарӣ ба миқёси саноатии истеҳсолот мебарояд

Президент Шавкат Мирзиёев 25 март ба вилояти Намангон омад.

Сарвари давлатамон аввал ба корхонаи “Гавҳар групп” дар ноҳияи Янги-Намангон ташриф овард. Он метавонад дар як сол ба таври саноатӣ 1200 килограмм маснуоти заргарӣ истеҳсол намояд.

Заргарии кишвари мо аз замонҳои қадим шуҳрат дорад. Аз ҷумла, дар Намангон оилаҳое низ буданд, ки ин ҳунарро аз насл ба насл медоданд. Аммо аз сабаби набудани шароити зарурӣ ва душвориҳои харидани ашёи хом бисёр заргарон аз фаъолияти худ даст кашиданд. Онҳое, ки боқӣ мондаанд, маҳсулотро дастӣ тайёр мекарданд.

Фармони Президент аз 18 майи соли 2019 "Дар бораи чораҳо оид ба рушди босуръати соҳаи заргарӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон" барои намояндагони соҳа имкониятҳои васеъ боз кард.  Аз ҷумла, ба истеҳсолгарони маҳсулоти заргарӣ ҳуқуқи аз комбинатҳои маъдани кӯҳӣ ва аҳолӣ харидани шикастапора ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти аз онҳо тайёр кардашуда  дода шуд. Ҷалб намудани технологияҳо ва мутахассисон аз хориҷа дастгирӣ карда шуд.

Чунин таваҷҷуҳ ва имконият ба заргарон боварӣ бахшид. Аз ҷумла, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Гавхар групп» таъсис дода шуд. Таҷҳизоти замонавӣ аз Туркия, Италия, ИМА ва Олмон оварда шуда, дар соли 2022 ширкат ба фаъолият оғоз кард.

Имрӯзҳо корхона истеҳсоли 10 ҳазор хели маснуоти заргариро азхуд кардааст. Дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ истеҳсоли корпусҳои соатҳои тиллоии хушсифат ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2023 270 килограмм маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Илова бар ин, дар ин ҷо бо истифода аз моделсозии 3D истеҳсоли маҳсулоти шаклашон дилхоҳи фармоишӣ ба роҳ монда шуд.

Хариди тилло аз биржаи молӣ бо таъхир додани пардохт дар таъмини басандагии маблағи гардон ва муттасилии истеҳсолот ҳамчун ёрии муҳим хидмат мекунад.

Ҷиҳати дигари муҳим он аст, ки дар корхона бо заргарони маҳаллӣ кооператсия ба роҳ мондааст. Дар натиҷа онҳое, ки пеш ғайрирасмӣ кор мекарданд, аз «соя» баромаданд ва шумораи ҷойҳои кор афзуд. Дар корхона зиёда аз 100 нафар кор мекунанд. Дар ин ҷо ҷавонон ҳунар меомӯзанд.

Сарвари давлатамон бо заргароне, ки дар корхона кор мекунанд, суҳбат кард.

— Дар мамлакати мо соле 100 тонна тилло ҳосил карда мешавад. Фурӯши тилло ба соҳибкорон бо муҳлатдиҳӣ  иҷозат дода мешавад. Воқеан, ин имконият дар кишварҳои дигар вуҷуд надорад. Аммо тиллои мо ҳамагӣ 6 дарсад коркард мешавад. Кишварҳои тавлидкунандаи тилло нисбат ба мо бештар ҷавоҳирот содир мекунанд. Мо дар ин соҳа каме ақиб мондаем. Бинобар ин мо барои истеҳсолот шароити иловагӣ фароҳам меоварем. Ва ин танҳо ибтидо аст. Мо ривоҷ додани ин соҳаро идома медиҳем», — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ҳамчунин, бо соҳибкорони Туркия табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар ин самт баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат инчунин бо маҳсулоти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мехмаш» шинос шуд.

Ин корхона дар як сол 20 ҳазор тонна винт ва 18 ҳазор тонна коғази  лулапеч истеҳсол карда, иқтидори содиротӣ 6 миллион долларро ташкил медиҳад. 700 нафарро бо кор таъмин менамояд.

Оид ба зиёд кардани истеҳсол ва содироти маҳсулоти пайвандӣ, ки дар саноати автомобилсозӣ истифода мешаванд ва васеъ намудани шумораи ҷойҳои корӣ супоришҳо дода шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: