НИШОНАҲОИ ЯК НОМ

Дар забон аз сари номҳои одамон низ тағйироти бисёре мегузарад.

Зеро ҳар як забон номҳои иқтибосиро мувофиқи қоидаҳои талаффузи худ қабул мекунад, ки ин ба душвориҳои дарки таърихи пайдоиш ва маънои онҳо сабаб мегардад. Масалан, номи арабии «Ҳамза» дар байни мардуми Доғистон ба тариқи «Ҳамзат» паҳн шудааст. Иқтибоси ин ном дар забони русӣ бошад, шакли «Гамзет»-ро гирифта, боиси дар забони мо бо шакли «Ғамзат» омадани он гардидааст.
Чунин ҳолат ба сари исми қадимаи Томирис ҳам афтодааст. Номи ин шоҳдухтари қабилаҳои сакоӣ, ки соли 530-юми пеш аз милод дар хоки Турон лашкари пуриқтидори форсҳоро мағлуб карда буд, ба саҳифаи таърих бори нахуст аз ҷониби мутафаккири Юнони қадим Геродот (асри V пеш аз милод) бо шакли юнонии «Томирис» дохил карда шудааст.
Солҳои охир номи Томирисро баъзе «кошифон» аз забони ӯзбекӣ ба калимаи «томир» (набз, раг) вобаста намоянд, баъзеи дигар онро саҳван ба қолаби «Тумарис» дароварда, шакли тағйирёфтаи «Туморли қиз» (Духтари тумордор) мешуморанд, ки ягон асоси илмӣ надоранд.
Пас, таърихи пайдоиш ва маънии ин ном чӣ гунаву чист?
Олимони шарқшинос забонҳои авестоӣ ва сакоиро ба оилаи забонҳои эронӣ дохил кардаанд. Бинобар ин таърихи пайдоиши бисёр номҳои қадимаи мардуми форсизабон ба забонҳои авестоӣ ва сакоӣ низ нисбат дода мешавад. Воқеан, Абулқосим Фирдавсӣ аз китоби муқаддаси «Авесто» номҳои Аҳура Мазда, Кави Уса, Трай Тауна, Кави Кавата, Ажи Даҳака барин қаҳрамонҳои афсонавиро дар «Шоҳнома»-и худ ба шакли суфташудаи Ҳурмузд, Кайковус, Фаридун, Кайқубод ва Заҳҳок овардааст. Чунончӣ, аз забони авестоӣ тарҷумаи номи Ажи Даҳака «мори сесара»-ро дар шакли суфтаи «Заҳҳок» мувофиқи маъно хеле моҳирона истифода бурдааст. Маълум аст, ки ҷисми Заҳҳок дар «Шоҳнома» бо се сар сари худ ва ду сари мор тасвир шудааст. Дарвоқеъ, ин номи авестоӣ дар забони тоҷикӣ ҳоло дар шакли «аждаҳо» боқист.
Дар асоси далелҳои мазкур барои ошкор намудани таърихи пайдоиш ва маънии номи Томирис моро лозим меояд, дар китобҳои «Авесто» ва «Шоҳнома» ба вожаи «таҳм», ки дар забони авестоӣ маънии «паҳлавон» дорад, эътибори махсус диҳем.
Номи Гайа Марта аз «Авесто» дар «Шоҳнома» ба Каюмарс ва номи набераи ӯ Таҳма Урупа ба Таҳмурас табдил ёфтааст. Қаҳрамони дигари «Шоҳнома», ки Исфандиёр ном дорад, дар «Авесто» бо номи Спента Дата ва лақаби «Таҳма» зикр шудааст. Вале Фирдавсӣ дар шоҳасараш лақаби Исфандиёрро ба «Рӯинтан» (пӯлодтан) иваз намуда, лақаби «Таҳма»-ро дар шакли «Таҳмтан» (паҳлавонтан) ба Рустам додааст. Фирдавсӣ дар чанд ҷойи «Шоҳнома», ҳатто бо маънои «паҳлавон рӯид» номи Рустамро дар шакли «Рустаҳм» низ меоварад:
Бибӯсид Рустаҳм тахт, эй шигифт,
Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт.
Аз манбаъҳои таърихӣ то ба мо порчае аз як қиссаи ошиқона расида, ки дар он қаҳрамони асосӣ Зарина ном духтари сакоӣ мебошад. Фаҳмидан душвор нест, ки решаи ин ном «зар» (ихтисори калимаи зард), яъне «тилло» буда, пасванди – ин  (ина) хоси забонҳои эронист. Бо ҳамин услуби номгузории сакоӣ Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ба модари Суҳроб исми «Таҳмина»-ро интихоб кардааст, ки решааш ҳамон «таҳм», яъне «паҳлавон» аст. Ҳамин тариқ, аз маъхазҳо фаровон овардани на фақат чун Густаҳму Таҳмосп номҳои мардона, балки Гурдофарид (паҳлавонзода) барин исми духтарона собит менамояд, ки бо маънии «паҳлавон» номгузорӣ кардан одати форсизабонҳои давраи қадим буд.
Дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ, тавре ки номҳои Марям ба Мария, Рухшона ба Роксана бадал ёфтаанд, аз эҳтимол дур нест, ки пайдоиши номи Тамара низ ба Таҳмурас вобаста бошад. Дар баробари ин аҷаб нест, ки ҳиҷои охирин, дар номҳои қадимаи Арҷасп, Луҳрасп, Гуштасп ва Таҳмурас аз як реша ғизо гирифта бошанд. Аз муқоисаи номҳои зикрёфта метавон ба чунин хулоса расид, ки чун Гулрӯ ва Гулрухсори имрӯз номҳои Таҳмурас ва Томирис аз рӯйи таърихи пайдоиш ва маъно аз ҳамдигар фарқе надоранд. Ин даъворо далелҳои зерин низ тасдиқ менамоянд.
Дар китоби «Таърихи Табарӣ»-и Абуҷаъфар ибни Ҷарир (829-923) бо номи «Таҳмурас» қаҳрамони таърихӣ оварда шудааст, ки бинобар амалиёти ҳарбӣ ба «Томирис»-и муаррихони Юнони қадим шабоҳати наздик дорад. Баробари ин бояд таъкид кард, ки муаррихони Юнони қадим маҷбур буданд, номи «Таҳмурас»-ро дар шакли «Томирис» муаррифӣ намоянд. Зеро қолаби номгузории онҳо, ки имрӯз ҳам бо пасванди – ис хатм меёбад, ҳангоми иқтибоси номҳо чунин мутобиқсозро тақозо менамуд. Чунончӣ, то ҳол навиштан ва талаффуз кардани номи яке аз мутафаккирони Юнони қадим дар забони форсӣ «Арасту» ва дар забони русӣ «Аристотел» бошад, дар худи забони юнонӣ ба таври «Аристотолис» аст. Бинобар ин, саҳве надорад, агар гӯем, ки номи Томирис дар асл шакли юнонии Таҳмурас буда, пайдоиши он бо маънои «паҳлавон» махсуси забонҳои эронист.
Ба доман пӯшидани офтоб саъю кӯшиши беҳуда аст. Аз ин лиҳоз ба таърихи пайдоиш ва маънии номҳои қадима дидаву дониста ё насанҷидаву наандешида обуранги сунъӣ додан на ба доираи илм мегунҷаду на ба ақл.

Зафар РАҲМАТ,
ноҳияи СӮХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: