Ҳиндустон ният дорад дар соли 2024 бо киштии кайҳонӣ инсонро ба кайҳон фиристад

Созмони пажӯҳишҳои кайҳонии Ҳиндустон (ISRO) бо нақша гирифтааст, ки то охири соли 2025 нахустин киштии кайҳонии идорашавандаи ин кишварро ба орбита барорад ва то соли 2035 истгоҳи мадории худро дошта бошад.

Дар ин бора роҳбари ISRO Шридхара Паникер Сомнатх маълум кард, хабар медиҳад tass.ru.

 "Гаганян, аввалин барномаи парвози инсонӣ ба коинот ба воситаи киштии кайҳонӣ дар кишвар, интизор меравад, то охири соли 2025 оғоз шавад" гуфт Сомнатх дар маросими барои хидматҳояш дар роҳи инкишофи тадқиқотҳои пешқадам  ба ӯ супурдани ҷоизаи бунёди Adi Sankara Trust  .

 "То соли 2035 кишвар як истгоҳи кайҳонӣ хоҳад дошт. ISRO аллакай дар болои Чандраян-4 барои гирифтани намуна аз Моҳ кор пеш мебарад", - афзуд ӯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: