ҒАЛАБАИ МЕҲНАТИИ ПАХТАКОРОНИ НОҲИЯИ РОМЕТАН

Пахтакорони ҳимматбаланди ноҳияи Рометан дар вилоят аввалин шуда нақшаи шартномавии ба давлат супоридани пахтаро сарбаландона иҷро карданд.

259-то хоҷагии фермерии ҳудуд имсол дар 10 ҳазору 650 гектар майдон пахта корида, баъди нигоҳубини табъи дил ҳосили фаровон рӯёнданд. Дар давоми мавсим бештар аз 18 ҳазор нафар чинакчиён дар атрофи 275-то отряд муттаҳид шуда, дар ҷараёни ҳосилғундорӣ иштирок карданд. Дар натиҷа то 13 октябр дар ҳудуди ноҳия 42 ҳазору 183 тонна ашёи хоми қиматбаҳо ҷамъ оварда шуд, ки ин нисбати ҳосили соли гузашта 1 ҳазору 283 тонна зиёд аст. 
Ҳавасмандгардонии отряду чинакчиёни пешқадам дар давоми мавсим самараи хуб дод. Рӯзе ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 200 тонна пахта ба пунктҳои қабул ворид шуд. Ба чинакчиён аз ҳисоби шуъбаи ноҳиявии «Агробонк» ба андозаи 65 миллиарду 383 миллион сӯм музди меҳнат дода шуд. То имрӯз беш аз 83 фоизи хоҷагиҳои фермерӣ ба марраи мурод расидаанд. То ҷамъоварии граммҳои охирин пахтачинӣ давом мекунад.

Амрулло АВЕЗОВ,
 мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: