ДИРЕКСИЯИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИЮ ФАРОҒАТИИ «ОҲАЛИК–ОҚБӮЙРО–МИРОНҚУЛ» БА КОР САР КАРД

Мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 6-уми феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Самарқанд минтақаи сайёҳию фароғатии «Оҳалик–Оқбӯйро–Миронқул» ташкил гардид. Бо мақсади инкишофдиҳӣ ва идоракунии минтақаи сайёҳӣ дар назди ҳокимияти ноҳия дар шакли муассисаи давлатӣ фаъолияти Дирексияи минтақаи сайёҳию фароғатии «Оҳалик–Оқбӯйро–Миронқул» ба роҳ монда шудааст.

Мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 6-уми феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Самарқанд минтақаи сайёҳию фароғатии «Оҳалик–Оқбӯйро–Миронқул» ташкил гардид. Ба  мақсади инкишофдиҳӣ ва идоракунии минтақаи сайёҳӣ дар назди ҳокимияти ноҳия дар шакли муассисаи давлатӣ фаъолияти Дирексияи минтақаи сайёҳию фароғатии «Оҳалик–Оқбӯйро–Миронқул» ба роҳ монда шуд.
— Мақсади асосии таъсиси ин минтақаи сайёҳӣ дар асоси талаботи замон фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди сайёҳи экологӣ ва экстремалӣ, бунёди иншооти савдою фароғатӣ ва дигар иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ дар минтақаи кӯҳӣ мебошад, — гуфт ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов. — Бесабаб нест, ки барои ин мақсад айнан ҳамин  мавзеъ интихоб шудааст. Зеро ин ҳудуд  дар минтақаи кӯҳӣ воқеъ гардида, бо табиати зебо ва ҳавои тозаи худ аз дигар мавзеъ фарқ мекунад. Азбаски тобистонаш салқин аст, дар ин ҷо якчанд осоишгоҳи бачагона сохта шудаанд. Дар соҳили дарёе, ки аз байни деҳаҳо мегузарад, сокинон марказҳои истироҳатӣ барпо кардаанд. Солҳои минбаъда аз ҷониби субъектҳои тадбиркорӣ низ чунин иншоот бунёд карда шуданд. Аммо то кунун ягон барнома ё харитаи роҳ дар як самти мушаххас барои рушди сайёҳӣ дар ин минтақа вуҷуд надошт. Ва ҳоло чунин имконият фароҳам омадааст.
Тибқи ин қарор, дар вилоят лоиҳаҳои сайёҳии кӯҳии «Оҳалик» бо майдони масоҳати умумиаш 1697 гектар, «Оқбӯйро»  414 ва «Миронқул» 2545 гектар амалӣ мешаванд. Солҳои 2024-2025 барои бунёди иншооти соҳаи сайёҳӣ ва хидматрасонӣ сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ҳудуди минтақа фаъолияти муассисаҳои замонавии савдо ва хидматрасонӣ (ресторанҳо, марказҳои фароғатӣ ва ғайра) ба роҳ монда, фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву ҳунарӣ дастгирӣ карда мешаванд.
Солҳои 2025-2026 барои рушди минтақаҳои сайёҳию фароғатӣ, нақлиёти автомобилӣ, муҳандисиву коммуникатсионӣ ва инфрасохтори истеҳсолӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ харҷ кардани 31 миллиарду 81 миллион сӯм ва аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 8 миллиарду 900 миллион сӯм ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин, барои таҷдид, таъмири ҷорӣ ва такмил додани инфрасохтори роҳ аз ҳисоби буҷаи маҳаллии вилоят 14 миллиарду 700 миллион сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. Илова бар ин, сохтмон ва таъмири шабакаҳои барқ, бунёд ва азнавсозиву таҷдиди шабакаҳои оби нӯшиданӣ ва канализатсия, аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ татбиқ мешавад. Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбектелеком» барои рушди технологияи ахбору  коммуникатсионӣ масраф кардани 97,4 миллион сӯмро ба нақша гирифтааст.
Дар қарор дар муддати як моҳ доир ба вазифаҳои ташкил намудани фаъолияти минтақаи сайёҳию фароғатии «Оҳалик – Оқбӯйро – Миронқул», таклифҳо бобати  таҳияи мастер-нақшаи минтақа ва тағйир додани тоифаи майдони заминҳои талабгардида, то 1-уми августи соли ҷорӣ ба комиссияи ҳукумат пешниҳод кардани онҳо, дар минтақа ташкил намудани шуъбаи таъмини туризми бехавфи садорати корҳои дохилӣ ва ғайра чораҳо муайян карда шудаанд. Айни ҳол корҳо идома доранд.
— Ҳафтаи гузашта таҳти роҳбарии ҳокими вилоят масъалаи сари вақт иҷро намудани вазифаю тадбирҳои дар қарор зикршуда баррасӣ гардид, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати минтақаи сайёҳию фароғатии «Оҳалик – Оқбӯйро–Миронқул» Ҷӯрабек Суюнов. —  Масъулони масъалаҳои марбут дар вилоят ва ноҳия таъин шуданд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: