«ОЛИМПИАДАИ ПАНҶ ТАШАББУС» ИДОМА ДОРАД

Мавсими дувуми «Олимпиадаи панҷ ташаббус»-и соли ҷорӣ мувофиқи низоми нав дар байни хонандагон, таҳсилгирандагони муассисаҳои таълими касбӣ, донишҷӯёни масканҳои таълими олӣ ва ҷавонони маҳаллаҳо аз рӯйи тоифаҳои гуногуни синнусолӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи олимпиада донишомӯзони мактабҳо дар мусобиқаҳои зинаҳои мактабии байнисинфҳо, шаҳру ноҳиявии байнимактабҳо ва зинаи минтақавӣ-ниҳоӣ аз рӯйи намудҳои атлетикаи сабук, шоҳмот, шашка, волейбол, тенниси рӯимизӣ, мини-футбол ва «Стартҳои шавқовар» қувва озмуданд.
Дар тоифаи синни 7-17-сола 238 808 нафар хонанда-ҷавонон фаро гирифта шуданд. Дар зинаи ниҳоии мусобиқа 126 нафар хонанда дар радифи ғолиб ва ҷоизадорон ҷой гирифтанд.
5124 нафар таҳсилгирандагони муассисаҳои таълими касбӣ дар зинаи шаҳру ноҳиявии байнисекторӣ аз рӯйи шоҳмот, шашка ва волейбол иштирок карда, 352 нафар писару духтарон барои иштирок дар зинаи минтақавии мусобиқа роҳхат гирифтанд. 
Донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ аз рӯйи намуди мини-футбол, тенниси рӯимизӣ, волейбол, атлетикаи сабук ва стритбол дар зинаҳои байнигурӯҳии факултетҳо, байнифакултетии масканҳои таълими олӣ қувва озмуданд.
Дар ин мусобиқаҳо беш аз 18 ҳазор нафар донишҷӯ иштирок карда, дар зинаи минтақавии байни муассисаҳои таълими олӣ 490 нафар донишҷӯ иштирок мекунанд.
Зинаи минтақавӣ, ки 2-юми ноябр оғоз гардид, 8-уми ноябр ба анҷом расид. Дастаҳои ғолиб рӯзҳои 13-18-уми ноябр дар зинаи финалии ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.
Дар мусобиқаҳои байни ҷавонони маҳаллаҳои «Олимпиадаи панҷ ташаббус» аз рӯйи тоифаи синни 14-30-сола 146 669 нафар писару духтарон ширкат намуданд. Имрӯзҳо ҷавононе, ки дар мусобиқаҳои байни кӯчаҳо, маҳаллаҳо ва секторҳо аз рӯйи намуди гимнастрада, волейбол ва гӯштии миллӣ пирӯз гардидаанд, дар зинаҳои шаҳриву вилоятии мусобиқа қувва меозмоянд.
Зинаи байниноҳиявии мусобиқаҳо 8-уми ноябр анҷом ёфт, ғолибон 16-26-уми ноябр дар зинаи минтақавӣ иштирок хоҳанд кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: