ИНТИХОБОТ ДАР САВИЯИ БАЛАНД БАРГУЗОР ХОҲАД ШУД

Вилояти Фарғона 3 миллиону 600 ҳазор аҳолӣ дошта, аз ин беш аз 2 миллиону 330 ҳазор нафарро шаҳрвандони синнашон аз 18 боло ташкил мекунанд, ки ҳақи иштирок дар интихоботро доранд.

Дар вилоят тайёрӣ ба баргузории интихобот беш аз пеш доман фарох намудааст. Хабарнигори “Овози тоҷик” дар ин замина бо раиси Комиссияи интихоботии вилоят Эркин Нуралиев суҳбат орост.
– Дар вилоят 644 қитъаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. Дар 17 қитъаи интихоботӣ интихобкунандагон ба тарафдории номзадҳо ба депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар 60 қитъаи интихоботӣ барои номзадҳои депутатҳои Шӯроҳои вилоят ва дар 567 қитъаи интихоботӣ барои депутатҳои Шӯроҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ овоз хоҳанд дод. Барои баргузории интихобот дар ҳамаи ниҳодҳои интихоботӣ ҳудуд муайян гардида, тибқи Кодекси интихобот таркиби Комиссиҳои интихоботӣ тасдиқ ва дар матбуот эълон шудааст. 
– Ҷараёни омодагӣ ба интихобот чӣ гуна аст?
– Дар ҳар як қитъа ва ҳавзаи интихоботӣ корҳо хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Дар 17 қитъаи интихоботӣ барои баргузории интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис 1051 ҳавзаи интихоботӣ ташкил кардаем. Мувофиқи банди 15-уми барномаи чорабиниҳои асосӣ ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ, тасдиқи таркиби он ва ташаккул додани таркиби онҳо ба амал бароварда шуд. Аъзои комиссияҳои интихоботӣ мунтазам ба мо дар бораи ҷараёни кор ҳисобот медиҳанд. Ҳамаи қитъаҳо ва ҳавзаҳои интихоботиро бо дастгоҳҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардондем. Аъзои комиссияи интихоботии вилоят низ ба маҳалҳо баромада, бобати дар савияи баланд баргузор намудани интихобот машваратҳои лозимӣ медиҳанд.
– Оё қитъаҳои интихоботӣ ба шабакаҳои интернетӣ васл карда шудаанд? Дар маҳалҳои дурдаст  имкони дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ чӣ гуна аст?
– Бале. Мо мутахассисони варзидаи ин соҳаро вазифадор намудаем, ки ҷиҳати дастрасии ҳамаи минтақаҳои мадди назар ба шабакаҳои интернетӣ чораҳои амалӣ пиёда кунанд ва ба ин муваффақ шудем.
– Ҳамкории аъзои комиссияҳои интихоботӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо низ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи интихоботӣ  чӣ хел ба роҳ монда шудааст?
– Ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳо дар айни ҳол ба аъзои комиссияҳои интихоботӣ аз наздик кумак мерасонанд. Ҳамзамон роҳбарон вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба комиссияҳои интихоботӣ дасти мадад дароз намоянд. Алҳол ба ҳар як қитъаву ҳавзаи интихоботӣ маблағҳои муқарраршуда дастрас карда шуданд ва муҷаҳҳазсозии ин биноҳову утоқҳои он аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таъмини молӣ гардид. 
– Бори нахуст дар Ӯзбекистон интихобот таҳти шиори вижаи “Ӯзбекистони нав – интихоботи нав” баргузор мегардад. Инро мардуми маҳалҳо дарк намудаанд?
– Медонед, кишварамон дар муддати се соли ахир ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад. Аллакай ҷомеаи ҷаҳонӣ низ Ӯзбекистонро бештар мешиносад, эътироф мекунад, обрӯи мамлакатамон дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш афзоиш меёбад. Бемуҳобот, пиёда шудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ин муддати кӯтоҳ мунҷар ба он шудааст, ки дастовардҳои мо шаъну шӯҳрат ва нуфузи Ӯзбекистонро боз боло баранд. Барои бунёди ҷомеаи демокративу шаҳрвандӣ талоши зиёд ба харҷ дода мешавад ва ин раванд баргузории интихоботи демократӣ, шаффофу ошкороро низ тақозо менамояд. Мо бояд интихоботи қарибулвуқӯъро ба тарзи нав, дар чунин фазои озоду демократӣ ва шаффоф баргузор кунем. 
– Интизор меравад, ки нозирони зиёди дохиливу хориҷӣ интихоботи қарибулвуқӯъро дар вилояти Фарғона низ назорат мекунанд. Шароит мусоидат менамояд, ки онҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ раванди интихоботро назорат кунанд?
– Бале. Теъдоди нозироне, ки ба кишварамон аз хориҷ даъват ва аз тарафи Комиссияи марказии интихоботӣ сабти ном шудаанд, беш аз 700 нафарро ташкил мекунанд. Онҳо метавонанд аз қитъаҳо ва ҳавзаҳои дилхоҳи интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилоятамон боздид кунанд, раванди интихоботро назорат намоянд. Барои ин дар вилоятамон ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
– Руҳияи ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот овоз медиҳанд, чӣ гуна аст?
– Аллакай дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷавонони зиёд дидору мулоқотҳо баргузор гардиданд. Ба як гурӯҳ аъзои Комиссияи интихоботии вилоят маҳз ҳамин ҷабҳаи кор супурда шудааст. То ин рӯзҳо ба воситаи мутахассисони варзида ба ҷавонон дар бораи навгониҳои интихобот, ҳуқуқи конститутсионии ҷавонон, тарзи овоздиҳӣ ва амсоли он машваратҳои зарурӣ додем. Ба фикрам, дар вилояти мо ҷавонон хеле фаъоланд ва дар байни онҳо ҷавононе низ кам нестанд, ки бевосита бо мо ҳамкорӣ мекунанд. 
– Дар шаҳру рустоҳо дар арафаи баргузории интихобот корҳои зиёди ободонӣ амалӣ мегарданд. 
– Бале. Қаблан бархе аз ин корҳоро номзадҳо ба дӯш мегирифтанд, ваъдаҳо медоданд, ки раъйи бештари мардумро ба даст оваранд. Аммо ҳамаи ин корҳо дар мамлакати мо тибқи барномаи “Маҳаллаи обод” сурат мегирад. Ба баҳонаи баргузории интихобот ҷойҳои зиёд ободу зебо гардиданд, роҳҳо ҳамвору мумфарш карда шуданд.  Мардуми зиёд аз ин раванди корҳо низ хеле хурсанду хушҳол ҳастанд.

Мирасрор 
АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: