Сатҳи таваллуд коҳиш меёбад

Дар Аврупо сатҳи таваллуд коҳиш меёбад.

Демографҳо ва иқтисоддонҳо бар он назар ҳастанд, ки талошҳои Аврупо барои боло бурдани мизони таваллуд, ки коҳиш меёбад, ба ҳадаф созгор нест,  дар ин хусус Reuters хабар додааст.

Профессори ҷомеашиноси оила, демография ва нобаробарӣ дар Донишгоҳи Мадрид Марта Сейс изҳор намуд, ки чунин омилҳо, ба монанди болоравии арзиши манзил ва набудани кафолат барои дарёфти кор ба сатҳи таваллуд дар Испания, ки 1,19 буда, яке аз пасттарин дар Аврупо мебошад, таъсир мерасонад.

Инчунин далели дигаргунии амиқи фарҳангии муносибат ба волидайнӣ вуҷуд дорад. Масалан, дар Норвегия, ки кишвари сарватманд аст, бо дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва амнияти ҷои кор то соли 2022 сатҳи таваллуд аз 2 дар соли 2009 то ба 1,41 коҳиш ёфт, ки сатҳи пасттарин дар таърихи мушоҳидаҳо ба ҳисоб меравад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: