ДАР РОҲИ ОЯНДА БО ҶАВОНОН

Ба қарибӣ дар толори бинои марказии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, якҷоя бо Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Тошканд тадбири маданиву маърифатӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бахшида ба Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат дар мавзӯи «Дар роҳи оянда бо ҷавонон» гузаронда шуд. Дар он сафири  Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ Ғафурҷон Муҳамедов, раиси Маркази миллӣ- мадании тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова ва як қатор олимону ходимони соҳаи маориф, намояндагони марказҳои миллӣ- фарҳангии рус, қазоқ ва куриёи шаҳри Чирчиқ иштирок карданд. Дар қисми бадеии тадбир дастаҳои ҳунарии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ бо раҳбарии Орзугул Абдураҳмонова, гурӯҳи рақсии «Гулдухтарони масчоҳӣ» аз ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд, овозхонҳо Аҳмад Назар ва Нургул Ӯлҷабоева,  инчунин дастаи рақсии «Ситора» аз ноҳияи Пискенти вилояти Тошканд баромад карда, табъи ҳозиронро хушнуд гардониданд.
Инчунин, дар чорабинӣ  доир ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони хирад – Алишери Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур сухан рафт ва донишҷӯён аз ашъори онҳо ғазалҳо қироат намуданд.   
Гузашта аз ин, дар саҳни даромадгоҳ анҷомҳои ороиши миллӣ, маводҳои заргариву нуқрагии ҳунарманд Муҳаббат Ҷовидон, растаи китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тоҷикӣ гузошта шуда буданд, ки ҳозирон то оғози чорабинӣ аз онҳо дидан карданд. Ба хусус, дастҷамъи китобҳое, ки аз ҷониби Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати тӯҳфа ба китобхонаи донишгоҳ оварда шуда буданд, диққати донишҷӯёнро ба худ ҷалб кард ва анбӯҳи зиёди онҳо китобҳоро бо ҳавас аз назар гузаронданд.

Шаҳзода ИБРОҲИМОВА,
донишҷӯи курси якуми факултаи методикаи таълими ибтидоии ДДЧ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: