СИНТОБ – БЕҲТАРИН ДЕҲАИ САЙЁҲӢ

  • СИНТОБ – БЕҲТАРИН ДЕҲАИ САЙЁҲӢ
  • СИНТОБ – БЕҲТАРИН ДЕҲАИ САЙЁҲӢ
  • СИНТОБ – БЕҲТАРИН ДЕҲАИ САЙЁҲӢ

Дар доираи иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки дар Самарқанд баргузор шуд, деҳаи Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ «Беҳтарин деҳаи сайёҳии соли 2023» эътироф гардид.

Деҳаи Синтоб яке аз самтҳои сайёҳӣ ба шумор меравад, дар ин ҷо мавзеъҳои диданӣ зиёданд. 
Синтоб дар 120 километр масофа аз маркази ноҳияи Нурато дар қисмати шимолии кӯҳистони Нурато ҷойгир аст, он бо ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ҳамҳудуд мебошад. Ин деҳа, ки тақрибан 3 ҳазор аҳолӣ дорад, бо он ҷолиб аст, ки таърихи куҳани он ҳифз шуда, ба урфу одат ва анъанаҳои миллӣ арҷ гузошта мешавад. 
Иероглифҳои мутааллиқ ба асрҳои V-VI-и рӯйи сангҳо, боқимондаҳои Қӯрғони куҳна дар қуллаи кӯҳ, навиштаҷоти сатҳи сангу шахҳо, ки ба асрҳои XII-XVII тааллуқ доранд, кӯли Фозилмон дар нуқтаи болотарини деҳа сазовори эътибор мебошанд.
Дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 ба мақсади истифодаи самарабахши имкониятҳои зиёрат ва сайёҳати вилояти Навоӣ дар ноҳияи Нурато созмон додани деҳаи сайёҳии Синтоб пешбинӣ шудааст. 
Дар ҳудуде, ки мақоми деҳаи сайёҳиро гирифт, фаъолияти беш аз 30 субъекти соҳибкорӣ, 20 меҳмонхонаҳои оилавӣ, 2 меҳмонхона ба роҳ монда шуд, ки 15 намуди хидматҳои сайёҳӣ мерасонанд. 
Ба деҳа сайёҳони  хориҷӣ аз кишварҳои Англия, Олмон, Фаронса, Австрия, Русия меоянд, он соле ба ҳисоби миёна тақрибан 45 ҳазор меҳмононро қабул мекунад.
Ба мақсади инкишоф додани инфрасохтори деҳа анқариб 5 километр роҳҳои дохилӣ таъмир шуданд, чароғҳои шабона гузошта, 2 пули пиёдагузар ва 2 ҳудуд барои селф, дарвозаи рамзии деҳаи Синтоб, маркази ахбор бунёд гардиданд. 
Дар ҳудуде, ки 12 иншооти мероси фарҳангӣ ва 15 мавзеи хушманзараи табиӣ дорад, корҳои ободонӣ амалӣ гардида, онҳо ба хатсайри сайёҳӣ дохил карда шуданд. 

Абдувалӣ БӮРИЕВ, 
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: 
С. АСЛОНОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: