САҲИФАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

Маълум аст, ки миёни вилоятҳои Ҷиззахи Ӯзбекистону Суғди Тоҷикистон оид ба роҳ мондан ва вусъат додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, ба мисли савдо, саноат, иқтисод, сайёҳӣ, мустаҳкамсозии риштаҳои дӯстӣ қарордод ба имзо расидааст.

Ҳанӯз моҳи июни соли ҷорӣ  гурӯҳе аз вилояти Ҷиззах ба шаҳри Хуҷанд – маркази маъмуриву фарҳангии вилояти Суғд рафта, дар як ҳамоиши байналхалқӣ ширкат варзида буданд.
Инак, рӯзи таҷлили 31-умин солгарди ҷашни истиқлоли давлатӣ гурӯҳи меҳмонон аз вилояти Суғд ба шаҳри Ҷиззах ташриф оварданд.
Дар ин сафари расмӣ ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода роҳбарӣ мекард.
Онҳоро дар назди бинои ҳокимияти вилоят гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Ҳар ду ҷониб аз пешомадҳои ҳамкорӣ, нақшаҳои минбаъда ҳарф заданд. Ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотирмон ва рамзӣ тақдим карданд.
Ҳайати меҳмонон аз IT park, мактаби Президентӣ, донишгоҳи Sambhram, Маркази нави ахбору китобхонаи вилоят, Минтақаи озоди иқтисодии Ҷиззах, корхонаи мошинсозӣ дидан карданд.
Онҳо дар чорабинии идона, ки дар боғи экологии «Ӯрда» бахшида ба ҷашни Истиқлол баргузор гардид, низ ширкат ҷустанд. Аз барномаи таҳиянамудаи мизбонон баҳравар гардиданд. Чунин вохӯриҳо барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои тарафайн, мустаҳкамсозии риштаҳои дӯстӣ хидмат хоҳанд кард.
 
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: