ОХИРИ МАСТӢ — САРПАСТӢ!

Чанде пеш зери раёсати сарвари давлатамон ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба масъалаҳои муҳими таъмини бехатарии ҳаракати роҳ баргузор гардид.

Вилояти Самарқанд дар қатори ҳудудҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бештар рухдиҳанда ба забон гирифта шуд ва роҳбари соҳаи мазкур аз вазифааш сабукдӯш гардид.
Бо салоҳдиди роҳбари мамлакат намуди нави ҷавобгарӣ — авбоши роҳ барои бемасъулиятона рондани мошин ва ба вуҷуд овардани мамоният ба дигар иштирокчиёни ҳаракат ҷорӣ мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар соли гузашта дар судҳои вилоят оид ба корҳои ҷиноӣ дар асоси моддаи 266-уми Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳаракати нақлиёт  ёки вайрон кардани қоидаҳои таъминоти бехатарии фоидабарӣ аз онҳо нисбати 4966 нафар шахс 3909 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ шуд.
Афсус, ки чунин ҳолати нохуш нисбати соли 2020 ба 23 фоиз афзудааст.
Дар соли 2021 дар асоси моддаи 266-уми Кодекси ҷиноӣ ба 354 нафар ҳукми айбдорӣ эълон кардем, ки аз онҳо ба 27 нафар ҷазои ҷарима,ба 127 нафар корҳои ислоҳи ахлоқ, ба 81 нафар ҷазои аз озодӣ маҳрум кардан дода шуд.
Ҳангоми таҳлили ҳолати содир гардидани ҷинояткорӣ маълум шуд, ки 62 нафар дар ҳолати мастӣ дар паси чанбараки мошин нишастаанд.
Аз ҳама бадаш,106 ҷиноят бевосита бо иштироки пиёдагардҳо содир шуда, 211 нафар аз садамаи нақлиёт чашм аз олами ҳастӣ пӯшидаанд.
Бузургон гуфтаанд, ки «Писаронро кунад ду кор хароб — ҳаваси зинату ҳавои шароб!»
Аҷибаш он аст, ки шароб зану духтарони кутоҳандеш ва беҳаёро низ шармандаи ду ҷаҳон  мекунад, ки дар Самарқанд 41 нафар дар ҳолати сархушӣ ба дасти нозирони роҳ афтоданд ва дар курсии сиёҳ нишастаанд.
Мо дар ҷамъомади худ қарор кардем, ки шахсони кӯтоҳандеш, худбовари ғуломи машрубот дар зодгоҳ суд мешаванд, ки ба дигарон дарси ибрат хоҳад шуд.
Бигзор онҳо донанд, ки охири мастӣ-сарпастӣ!

Толибҷон БОЙЗОҚОВ,
ҷонишини раиси суди вилояти Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: