Муаррифии лоиҳаи шаҳраки олимпӣ

  • Муаррифии лоиҳаи шаҳраки олимпӣ
  • Муаррифии лоиҳаи шаҳраки олимпӣ
  • Муаррифии лоиҳаи шаҳраки олимпӣ

Президент Шавкат Мирзиёев 7 март бо тақдимоти корҳо оиди ба сохтмон ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Тошканд шинос шуд.

Тавре ки маълум аст, соли 2025 дар Тошканд Бозиҳои осиёии наврасон баргузор мешавад. Ба мусобиқа аз тамоми қитъа варзишгарон, мураббиён, мухлисон ва журналистон меоянд. Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин чорабинии бонуфузи варзишӣ дар ноҳияи Яшнободи пойтахт бунёди шаҳраки олимпӣ ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи иншоотро ширкати инжинирингии Arup-и Бритониё таҳия кардааст.

Мувофиқи лоиҳа дар маркази шаҳрак стадиони олимпӣ, дар атрофи он – маҷмӯъҳои пӯшидаи варзишӣ, қасри намудҳои варзиши обӣ, майдончаҳои машқ, канали заврақронӣ сохта мешавад. Ҳамаи шароитҳо ба талаботи Шӯрои олимпии Осиё ва федератсияҳои байналмилалии варзиш мувофиқ хоҳанд омад. Инчунин бинои маъмурӣ, хобгоҳ, музей ва объектҳои хоҷагидорӣ қомат рост мекунанд.

Ба ғайр аз баргузории мусобиқаҳо шаҳрча ҳамчун пойгоҳи таълимиву тамринӣ хидмат хоҳад кард. Дар ин ҷо донишкадаи маҳорати олии варзишӣ, федератсияи варзиш ва дигар муассисаҳо дар соҳаи варзиш ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Боз як самти дигари кор бунёди майдони сабзи сайругашт дар шафати кӯчаи Ӯзбекистони Нав мебошад, ки ба шаҳраки олимпӣ мебарад. Дар он барои истироҳат ва шуғл варзидан бо варзиш шароит муҳайё карда мешавад.

Сарвари давлат ба ҷузвҳои арзиши лоиҳа, шароите, ки барои меҳмонон фароҳам оварда хоҳанд шуд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки ҳаҷми кор ва маблағҳои молиявиро бино бар солҳо ҳисоб карда, нақшаи аниқ тартиб дода, барои сохтмон тендер эълон кунанд.

Президент дар ҷамъомаде, ки пештар оид ба татбиқи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» баргузор шуда буд, ба мақсад мувофиқ будани шинондани дарахтони гулу баргрезро қад-қади  роҳҳо зикр карда буд. Дар тақдимоти имрӯза нақшаҳои дахлдор баррасӣ шуданд.

Барои ин 21 кӯчаи Тошканд, аз ҷумла роҳи Ҳалқаи хурд, Мустақиллик, Навоӣ, Ислом Каримов, Афросиёб, Шаҳрисабз, Ойбек, Бобур интихоб шуданд. Дар ин ҷо шинондани ниҳолҳои дарахти ороишӣ аз қабили каштан, сирен, шумтол, лола, чинор ва линден пешбинӣ шудааст. Дарахтон бо усули репикаж барои таъмини решаҳои қавӣ ва нашъунамои рости танаи дарахт шинонда мешаванд.

Сарвари давлат дар баробари дарахтони ороишӣ ва шинондани дарахтони мевадиҳандаро аз қабили анҷиру анор ва хурмо, инчунин бунёди соябонҳои растаниҳои куҳнавардиро дар кӯчаҳо қайд намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: