Дар пойтахти мамлакат – шаҳри Тошканд мусобиқаи волейбол барои ҷоми Ӯзбекистон байни писарбачагони соли таваллудашон 2007-2008 ба охир расид.
Дар пойтахти мамлакат – шаҳри Тошканд мусобиқаи волейбол барои ҷоми Ӯзбекистон байни писарбачагони соли таваллудашон 2007-2008 ба охир расид. Дар он варзишгарони шофирконӣ бо роҳбарии Комил Азимов ва мураббиён Файзулло Рашидов, Гӯзал Ҳамроева бо муваффақият иштирок намуда, дар мусобиқаи ҳалкунанда волейболбозони андиҷониро бо ҳисоби 3: 0 мағлуб сохтанд ва ғолиби қувваозмоиҳо шуданд. Варзишгари даста Амирбек Нарзуллоев унвони «Тӯбзани беҳтарин»-ро ба даст дароварда, ба узвияти ҷамоаи яккачини волейболбозони мамлакат қабул шуд. Устоди ҷамоа Ф. Рашидов соҳиби номи «Мураббии беҳтарин» гардид.
Ҳокими ноҳияи Шофиркон Шукрулло Ҳакимов варзишгарони ғолибро муборакбод намуда, ба онҳо туҳфаҳо супурд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.