МУШКИЛОТИ МАРДУМ БАРТАРАФ ГАРДИД

Мақсад ва вазифаи ислоҳотҳои ҷорӣ ба ҳар як шаҳрванди кишвар фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ мебошад.

Саломатии шаҳрвандон нодиртарин ганҷи ҳар давлат аст. 

Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев 18 марти соли 2022, ҳангоми мулоқоташ бо намояндагони соҳаи тибб дар ҳудудҳои аҳолинишине, ки аз марказҳои ноҳия дур воқеъ гардидаанд, ташкил намудани нуқтаҳои тиббиро супориш дода буд.
Аксар вақт таҷҳизот ва ё масолеҳи зарурӣ аз хориҷи кишвар оварда мешаванд. Албатта, иҷрои ҳар як супориш фурсат ва маблағ талаб мекунад. 
Аҳолии деҳоти Сойхурд, Симчашма ва Соб аз маркази ноҳияи Нурато дар масофаи 110–120 км дурӣ воқеъ мебошанд. Дар ҳар се деҳа, ҳатто нуқтаҳои алоҳидаи тиббӣ, дорухона  вуҷуд надошт, то бемор он ҷо кумаки аввалия бигирад.
Пас аз супориши сарвари кишвар мушкилоти мардум бартараф гардид. Ба деҳот вагонҳое оварда гузоштанд, ки дорои ду хонаи бо ҳамаи таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: