Мустаҳкамии давлат ва ягонагии халқ дар лаҳзаҳои мушкил озмуда мешавад.
Мустаҳкамии давлат ва ягонагии халқ дар лаҳзаҳои мушкил озмуда мешавад. Мутаассифона, соли 2020 озмоишҳои зиёдро ба пеш овард. Дар партави бӯҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба далели коронавирус зуҳур намуд, дар тӯли як ҳафта дар вилоятҳои Бухоро ва Сирдарё офатҳои табиӣ ва фоҷиаи техноген ба вуқӯъ пайвастанд.
Президент Шавкат Мирзиёев зуд ба ин минтақаҳо омад ва вазъиятро зери назорат гирифт. «Мо бояд сабр кунем, ба по истем ва ин вазниниро сарбаландона пушти сар намоем. Ягон оила, ягон нафар шахс беэътибор намемонад», – гуфта буд он вақт Президент.
Иштироки шахсии роҳбари давлат дар ташкили бартарафсозии оқибатҳо ва барқарор намудани ҳаёти маъмулӣ барои зарардидагон дастгирии пурзӯр гардид. Халқи мо муттаҳид гардид ва ба кӯмаки ҳамватанон расид: касе бо маблағ кӯмак кард ва каси дигар бо меҳнаташ.
Дар натиҷаи рахна задани сарбанди обанбори Сардоба 2211 иморат дар ҳолати барои иқомат ноқобил қарор гирифт, 2499 манзили дигар ба таври назаррас зарар дид. Бо ҳаҷми харобиҳо шинос гардида, Президент натанҳо барқарор намудани маҳаллаҳои харобшуда, балки онҳоро беҳтар намудан, ба маҳалҳои намунавии аҳолинишин табдил додан ваъда дод.
Дар се мавзеи масоҳаташ 50 гектарӣ, ки ба ин мақсад ҷудо карда шуда буд, 86 иморати панҷошёна: 37-то дар маҳаллаи Дӯстлики ноҳияи Сардоба, 40-то дар маҳаллаи Ҳақиқат ва 9-то дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Мирзообод бунёд гардиданд. Ҳамагӣ 2640 ҳуҷра ба истифода супурда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо корҳои анҷомёфтаи созандагӣ 13 октябр бори дигар аз вилояти Сирдарё боздид намуд. Аввал роҳбари давлат аз маҳаллаи Ҳақиқати ноҳияи Мирзообод дидан намуд.
– Хароботи обхезӣ хеле вусъатнок буд. Мо бояд ҳам оқибатҳои фоҷиаро бартараф месохтем, ҳам ҳаёти мардумро дар муддати кӯтоҳ ба меъёр меовардем. На ҳар давлат ин корро ӯҳда карда метавонад. Мо бо тамоми зарардидагон суҳбат намудем. Қувваҳои вазоратҳо ва минтақаҳо ба кор андохта шуданд, кори зудамал роҳандозӣ гардид. Мо муваффақ гардидем, ки оилаҳоро то расидани рӯзҳои хунук бо хона таъмин намоем. Аз ҳама муҳимаш одамон хотирҷамъ гардиданд ва қаноат ҳосил карданд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Пеш аз ин бисёр хонаҳоро бо гази табиӣ таъмин намуданд. Имрӯз ба ин ҷо қубури газ, об, электр ва дигар намудҳои коммуникатсия кашида шуданд. Муҳим он аст, ки соҳибони ҳуҷраҳои нав хонаҳои пештараи худро аз даст надоданд, ки ҳар се мавзеи нав дар наздикии он хонаҳои аввала бунёд гардиданд.
Роҳбари давлат махсусан ҳамбастагии халқамонро дар он замони мураккаб махсус таъкид кард.
– Мутахассисон аз тамоми мамлакат ба ин ҷо расиданд. Дар ин ҷо кӯчаҳои Қароқалпоқистон ва ҳар як вилоят пайдо шуданд. Ҳама боварӣ ҳосил карданд, ки агар мо муттаҳид гардем, дар бораи ҳамдигар ғамхорӣ зоҳир намоем, он вақт ба бисёр кор қодир ҳастем ва қувваи мо низ дар ҳамин аст, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Хонаҳои шинам, ҳудуди атроф обод аст. Маҳаллаи нав номи «Янги Ӯзбекистон»-ро гирифт.
– Номи «Янги Ӯзбекистон» беҳуда дода нашуд. Агар ин таҷриба ба одамон хуш ояд, мо чунин иморатҳоро дар дигар минтақаҳо, дар шаҳрҳои аҳолиаш зич низ месозем. Дар наздикии ҳар як мавзеъ ҷойҳои кор ба вуҷуд меорем. Хулоса, мо бояд маданияти сохтмон ва ҳаётро иваз намоем, – таъкид кард Президент.
Дар ҳудуди мавзеи нав гузари маҳалла, мағоза, китобхона, майдончаи бачагона сохта шудааст. Ширкати алоҳида барои хидматрасонӣ ба вуҷуд омадааст.
Дар бобати ташкили истифодаи босамари иморатҳо супоришҳо дода шуд.
Сафари худро ба вилояти Сирдарё идома дода, роҳбари давлат аз майдони хоҷагии фермерии «Нурафшон орзу бӯстони»-и ноҳияи Оқолтин боздид намуда, ҳосили пахтаро аз назар гузаронд.
Рахна гардидани обанбори Сардоба ба хоҷагии қишлоқ низ талафи зиёд расонд. Аз ҷумла, қариб 20 ҳазор гектар замини кишт дар ноҳияҳои Сардоба, Мирзообод ва Оқолтин зери об монданд.
Барои нигоҳ доштани кишт обро бо воситаи насосҳои сайёр кашида, баъд шудгору кишти заминро анҷом доданд. Дар ҷое, ки ин имкон надошт, майдонҳо тоза карда шуда, дубора тухмӣ шинонда шуд. Маҳз ба туфайли ин кори шуҷоатнок барои парвариши ҳосили пахта муваффақ гардиданд.
Хоҷагии фермерии «Нурафшон орзу бӯстони» шарики кластери пахтаву бофандагии «Оқолтин АПК» мебошад.
Бо роҳбарони кластер ва фермерҳо суҳбат ба вуқӯъ пайваст. Аҳамияти ба вуҷуд овардани занҷири нархи изофа аз ҳисоби азнавкоркарди пахта ва табдил додани ашёи хом ба маҳсулоти тайёр таъкид шуд.
– Кластер ва рағбати моддӣ – ояндаи кишоварзии Ӯзбекистон аст. Бе татбиқ намудани илм ва инноватсия ин соҳа наметавонад қобили рақобат бошад, – гуфт Президент.
Дар бораи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ин кластер солҳои 2021-2022 ба амал татбиқ мегарданд, маълумот дода шуд. Аз ҷумла дар ноҳияи Оқолтин ба амал татбиқ намудани лоиҳа оиди азнавкоркарди 30 ҳазор тонна тухмии пахта ва 50 ҳазор тонна ғалла соле мувофиқан ба қимати 4 ва 5,8 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Роҳбари давлат аз маҳаллаи «Янги Тошканд» дар ноҳияи Оқолтини вилояти Сирдарё боздид намуд.
Дар ин ҷо 130 коттеҷ таъмир гардида, шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ барқарор гаштааст. Гузари нави маҳалла, нуқтаҳои савдо ва хидмати маишӣ, китобхона, маҷмӯи варзиш, роҳҳои дохилӣ сохта шудаанд.
Президент Шавкат Мирзиёев бо корҳои анҷомёфта шинос гардид ва бо сокинони маҳаллӣ суҳбат намуд.
– Вақте ки ман дафъаи гузашта ба ин ҷо омада будам, вазъият хеле таассуфовар буд. Чунон ғамгин шудам, ки гӯё хонаи ман, наздикони ман, фарзандони ман зарар дида бошанд. Пайдо кардани маблағ, ташкил намудани кор он қадар осон набуд. Худоро шукр, ҳамааш пушти сар гардид. Бигзор ин иморатҳо дар рӯзҳои некатон хидмат намояд! Орзумандам, ки шумо дар ин ҷо дар фаровонӣ зиста, тӯйҳо баргузор намоед. Мақсади хеле калони ман ҷавононамонро хушбахт дидан аст, – гуфт роҳбари давлат.
Ғайр аз ин дар маҳалла корхонаи дӯзандагии «Нафис либослар» ташкил гаштааст. Дар ин ҷо беш аз 50 зану духтар ба кор шурӯъ кардаанд. Президент бо ин ҷамоа суҳбат намуд.
– Мо эътиборро ба занон боз зиёд менамоем. Аз хушбахтии онҳо шукуфоии мамлакатамон, татбиқи ҳама нақшаҳоямон вобаста мебошад, – изҳор намуд Шавкат Мирзиёев.
Вақте ки корхона иқтидори пурра касб менамояд, вай соле барои истеҳсоли 500 ҳазор воҳид маҳсулот қодир мегардад. Қисме аз ин амволро содир намудан ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбари давлат аз поликлиникаи оилавӣ боздид намуд ва бо ходимони тиб суҳбат кард. Масъалаҳои васеъ намудани иштироки тиббиёт дар ташаккули тарзи ҳаёти солим ва барои дарозумрӣ мусоидаткунанда, оммавӣ сохтани фаъолнокии ҷисмонӣ муҳокима гардиданд.
– Агар аҳамияти пиёдагардӣ ва маданияти дурусти тановулро ташвиқ намоем, 30-40 фоизи мушкилоти тиббиётро ҳал мекунем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Дар заминаи пурзӯрсозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт, таҳияи механизмҳои рағбатноксозӣ супоришҳо дода шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи «Сардоба Оқсарой текстил» дар ноҳияи Сардоба шинос гардид.
Корхонае, ки аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Oqsaroy klaster» ба вуҷуд оварда шудааст, соле барои истеҳсоли матоъ ва либоси тайёр ба миқдори 3,5 миллион доллар қодир аст. Ба нақша гирифта шудааст, ки маҳсулот пурра ба хориҷ содир мегардад. Дар ин ҷо мошинҳои дӯзандагии замонавӣ ва низоми хунуксозии сарфакунандаи энергия аз Туркия насб гаштааст. Дар марҳалаи аввали лоиҳа 500 ҷойи кор ба вуҷуд оварда шудааст.
Роҳбари давлат кормандони корхонаро бо манзилҳои нав ва ҷойҳои кор табрик намуд.
– Дар рӯзҳои фоҷиа баъзе одамон умеди худро ба оянда аз даст дода буданд. Имрӯз ман аз он хушҳолам, ки дар чашмони шумо бовариро мебинам. Вақте ки занон соҳиби кор ҳастанд, кайфияташон хуб аст. Вақте ки занон болидарӯҳ мебошанд, тарбияи бачаҳо низ аъло ва ҳамаи ин ба оила ва ҷамъият таъсири хуб дорад. Маҳз барои ҳамин ҳам мо кӯшиш мекунем, ки барои занон ҷойҳои зиёди корӣ ба вуҷуд орем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев дар суҳбат бо ҷамоаи корхона.
Дар ҳамин ҷо тақдимоти лоиҳаҳо оид ба вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, ба вуҷуд овардани занҷири арзиши изофа дар саноати сабук ба вуқӯъ пайваст.
Зимни боздид аз ноҳияи Сардоба 15 май роҳбари давлат хишти аввали сохтмони иморатҳои навро дар маҳаллаи Дӯстлик гузошта буд. Дар муддати кӯтоҳ дар ин ҷо 37 бинои панҷошёна барои 1480 ҳуҷра қад афрохт.
Зимни сафари кунунӣ Президент Шавкат Мирзиёев бо ин мавзеи замонавӣ шинос гардид.
Ҳуҷраҳо дар иморатҳои панҷошёна аз 2 ва 3 хона иборатанд. Ҳангоми сохтмони иморатҳо масолеҳи сарфакунандаи энергия истифода гаштааст. Мавзеи нав ба тамоми коммуникатсияҳои зарурӣ васл гаштааст. Инчунин гузари маҳалла, майдончаҳои бачагона сохта шуда, ҳудуди биноҳо обод гаштаанд.
Ҳуҷраҳои мазкур бо тамоми ҷиҳозҳояш ба ихтиёри аҳолии аз обхезӣ зарардида бепул дода мешавад. Дар байни онҳое, ки ҳуҷраи сехонагӣ ба даст овардаанд, оилаи Бахтиёр ва Қимматхон Мирзоевҳо ҳаст.
Роҳбари давлат ба хонаи онҳо ба меҳмонӣ даромад ва бо шароити бавуҷудоварда шинос гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев дар маҳаллаи Дӯстлик бо фаъолони вилояти Сирдарё, аҳолии аз обхезӣ зарардида суҳбат намуд.
Дар аввали сухани худ роҳбари давлат таъкид кард, ки аз имкони вохӯрӣ бо одамон дар чунин фазои мусоид дар кайфияти аъло хушҳол мебошад.
– Дар панҷ моҳи охир иқтидори мо озмуда шуд. Даст ба даст дода, аз таҳти дил меҳнат намудем ва шароит ба вуҷуд овардем, хона ва роҳҳои нав сохтем. Имрӯз аз дидани натиҷаи корҳо хеле хушҳолем. Аммо кайфияти одамон – маҳз чизе мебошад, ки беш аз ҳама хушҳол месозад ва нирӯ мебахшад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вайрон гардидани сарбанди обанбори Сардоба ба иморатҳои иқоматӣ, объектҳои иҷтимоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ зарари ҷиддӣ расонд. Комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуда, тамоми қувва ва воситаҳо барои бартарафсозии оқибати фоҷиа сафарбар гардида буданд. Сокинони маҳаллаҳои зериобмонда ба ҷойҳои бехатар кӯчонда шуданд, бо сарпаноҳ ва озуқаворӣ таъмин гардиданд. Вазорати вазъиятҳои фавқулодда, Вазорати хоҷагии об, Вазорати мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ташкилотҳои сохтмону таъмир ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар ҳамоҳангӣ амал намуданд, ки туфайли он дар муддати кӯтоҳ ҳаёт дар ин ҷо ба маҷрои маъмулии худ баргашт.
Се мавзеи нав қад афрохт. Боғчаҳои кӯдакона ва мактабҳо, коллеҷ ва муассисаҳои тиббӣ сохта шуданд ва таъмир гардиданд. Ноҳияҳои зарардида хеле зебо гардиданд.
– Аз рӯзҳои аввал мо розӣ намудани одамонро чун шиори асосӣ, мақсади асосии худ интихоб намудем. Ба ин муваффақ шудан, табиист, ки мушкил, аммо мо кор карданро бас намекунем. Корҳои офарандагӣ ва тағйирот дар Сирдарё бо ҳамин ба охир намерасад, онҳо идома меёбанд. Дар ин бобат мо нақшаҳои бузург дорем, – гуфт Президент.
Дар вохӯрӣ маълумот дар бораи корҳои ҷорӣ дар бобати беҳсозии шароити ҳаёти сокинони аз обхезӣ зарардидаи ноҳияҳои Сардоба, Оқолтин ва Мирзообод, сохтмон ва таъмири иморатҳо, ҳифзи саломатии аҳолӣ, барқарорсозии объектҳои инфрасохтор, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор маълумот пешниҳод гардид.
Вазоратҳои масъул барои фаъолони вилоят тақдимоти корҳои дар ин самт анҷомёфта ва лоиҳаҳои банақшагирифтаро баргузор намуданд.
Онҳое, ки дар ин вохӯрӣ баромад намуданд, таъкид карданд, ки корҳо бо ният ва дили пок анҷом дода шуда, мақсад ҳеҷ ягон кас, ҳеҷ ягон оиларо дар мамлакатамон рӯбарӯ бо офат танҳо нагузоштан, ҳатман кӯмаки ногузир расондан буд, ки дар натиҷаи он ба мақсадҳои гузошташуда ноил гардидем. Аз он ҷумла, таъкид шуд, ки Президент, шахсан корҳоро дар бобати таъмини одамон бо манзил то фаро расидани рӯзҳои хунук, ки бе сарпаноҳ монда буданд, роҳбарӣ намуд.
Корҳои бунёдкории доманфарох, ки дар вилояти Сирдарё сарфи назар аз пандемия ба амал омад, рӯҳи бунёдкории халқамон ва қудрати бузурги мамлакат ба чӣ қодир буданамонро намоиш дод. Ин аҳли Сирдарёро беҳад шод намуд, боварии онҳоро ба фардо, ба ислоҳоте, ки барои манфиати мардум нигаронда шудааст, пурзӯр кард.
Бо ҳамин сафари роҳбари давлат ба вилояти Сирдарё ба анҷом расид.
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Абдулазиз МӮСОЕВ,
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
мухбирони ӮзА.