Дар Минск Хонаи савдои ПСС Ӯзбекистон таъсис ёфт

Дар Палатаи савдо ва саноати Беларус мулоқоти раиси БелПСС Михаил Мятликов ва муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Ҷамшед Ураков баргузор шуд.

Ҷонибҳо натиҷаҳои сафари ҳайати доираҳои соҳибкории Ӯзбекистон ба Беларусро, ки рӯзҳои 22-26 январ сурат гирифт, инчунин масъалаҳои ташкили ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкорони Ӯзбекистону Беларус, ки моҳи феврал дар Тошканд дар назар аст, баррасӣ карданд.

Дар натиҷаи тавофуқҳои ҳосилшуда дар ҷараёни сафар дар Минск маросими ифтитоҳи Хонаи савдои Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон сурат гирифт. Дар ин ҷо амалиёти содиротӣ-воридотӣ аз рӯи доираи васеи молу хидматҳо ба ҷо оварда мешавад.

Илова бар ин, дар пайи мулоқот дар бораи ифтитоҳи хаби логистикӣ дар Беларус тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: