ЭҲТИРОМ БА АСОСГУЗОРИ МАҲАЛЛАИ ЯҲУДИЁН

«Моше бин Илё Абулхайр Калонтар ва замони ӯ» ном дошт анҷумани фарҳангӣ, ки дар доираи Ҳафтаи мероси яҳудиёни Бухоро бахшида ба 200-солагии соҳибҷашн гузаронида шуд.

Ба ин муносибат аз хориҷа меҳмонон ташриф оварданд. 
Онҳо зиёрат ва хокҷои гузаштагони хеш, ҷойҳои ҷолиби эътибори шаҳри  бостониро тамошо карданд. 
Ҷамъбасти анҷумани фарҳангӣ дар осорхонаи кишваршиносии шаҳри Самарқанд, ки замоне манзили Калонтаровҳо буд, баргузор шуд. 
Роҳбари  Хазинаи  ҷамоатии бозомӯзии  мероси  яҳудиёни Бухоро ба  номи Исҳоқ  Мамашев ва сардабири ҳафтаномаи «Бухоро таймс» Рафаел Некталов ба чорабинӣ ифтитоҳ бахшида, таъкид кард, ки Моше бин Илё Абулхайр Калонтар аз асосгузорони маҳаллаи яҳудиёни Бухоро дар шаҳри Самарқанд буд. Маҳз ӯ  тавонист бо  кордонӣ ва дилёбӣ  бо кумаки  дӯсташ  Иброҳимҷони корчаллон соли  1842 аз  амири Бухоро дар  шафати майдони  Регистон  даҳ  таноб замин харад ва  ба  маҳаллаи яҳудиёни Бухоро дар шаҳри Самарқанд  асос гузорад.  
Инчунин, хизмати  сулолаи  Калонтаровҳо барои  ободу зебо гардидани  Самарқанд  хеле  калон аст. Масалан, набераи ӯ Абрам Калонтаров (дар Самарқанд  ҳамчун Авроми Қалам эҳтиром дошт) дар Самарқанд  хиёбони нотакрору  дилнишин барпо  кард. Якчанд бинои замонавӣ сохт, ки ҳоло ба масканҳои таърихӣ  мубаддал шудаанд. 
Дар тадбири мазкур мутобиқсози лоиҳаи академии омӯзиши  ҷамоати  яҳудиён дар Қафқоз ва Осиёи Миёна Давид Калонтаров, ходими Донишгоҳи давлатии яҳудиёни Байтулмуқаддас Илё Дворкин, собиқ  сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон  Бахтиёр  Урдашев, саркашиши  яҳудиёни Бухоро дар  Амрико ва  Канада Борух Бобоев, ноиб – президенти академияи «Турон» Фарҳод  Аҳмадҷонов ва  дигарон дар  бораи  дӯстии яҳудиёни Бухоро ва тоҷикону  ӯзбекҳо  ҳарф заданд. 
Таклиф  шуд, ки ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Самарқанд  номи Моше бин Илё Абулхайр Калонтар дода шавад, зеро ӯ тавонист риштаҳои  дӯстиро  мустаҳкам кунад ва аз худ номи нек  гузорад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: