ВОСИТАИ АСОСИИ ТАРҒИБОТ

Ҳоло барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳли ҷамъиятамон чорабиниҳои судбахш андешида мешаванд.

Ҳоло барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳли ҷамъиятамон чорабиниҳои судбахш андешида мешаванд. Дар миқёси мамлакат арзишҳои миллӣ аз нав барқарор гардида истодаанд. Эҳёи миллӣ оғоз гардидааст, ки ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаётамонро фаро мегирад. Ҳамаи чорабиниҳои маърифативу маънавӣ барои тарбияи маънавии мардум, васеъшавии шуури миллии халқамон нигаронда шудааст.
Аммо мо бояд дар ин ҷода аз дастовардҳо саргарм нашуда, оиди ҳалли муаммоҳои соҳаи маънавияту маърифат андеша ронем. Яке аз муаммоҳои ҳалталаби ин соҳа он аст, ки дар маҳалҳо  бисёр чорабиниҳо барои ҳисобот, барои намоишкорӣ гузаронида мешаванд. Корҳои маърифатӣ дар байни омма кам гузаронида мешавад. Тайи 30 соли охир ба деҳаи мо, ки дорои 20 ҳазор аҳолӣ аст, санъаткорон наомадаанд, ягонто китобхонаи замонавӣ мавҷуд нест. Клуби аз колхоз меросмонда, ки дар ихтиёри шуъбаи маданияти ноҳия аст, рӯз ба рӯз вайрон шуда истодааст. Се сол инҷониб ба ҳокимони ноҳияву вилоят оиди таъмири клуб муроҷиат мекунем, аммо амалӣ намешавад.
Муаммои дигаре, ки дар тарбияи ҳаматарафаи мардум аҳамияти калон дорад, масъалаи дастрасии рӯзномаву маҷаллаҳо мебошад. Аз ин 30-40 сол пеш хаткашон ба ҳар як хонадон камаш 2-3 рӯзнома оварда медод. Имрӯз бошад, дар як маҳаллаи дорои 300-400 хонадон, фақат 2-3 нафар рӯзнома мегиранд. Мо, ба назарам, фаромӯш кардаем, ки тарғиботчии асосӣ, ғояҳои инсонпарварӣ, мафкураи давлатӣ, пеш аз ҳама, рӯзнома мебошад. Имрӯз нархи обуна ба рӯзномаҳо нисбат ба даромади аҳолӣ хеле баланд аст. Барои дастраси омма намудани рӯзнома бояд давлат аз ҳисоби буҷа маблағ ҷудо карда, нархи онро фароварад. Он гоҳ рӯзнома ба ҳар як хонадон рафта мерасад.
Имрӯз мо аз минбарҳои баланд барои баланд бардоштани маънавият, маданияти миллӣ, ҳуқуқӣ, донишҳои сиёсӣ, иқтисодии мардум ҳарф мезанем. Аммо бигӯед, хонадоне, ки дар давоми сол рӯзнома нагираду нахонад, аз куҷо маънавияту маърифатро баланд бардоштан мумкин аст? Дуруст, ки телевизор, интернет, лекин аз рӯи инсоф бигӯед, ки кадоме мондагор аст? Мо бояд қувваи тарғиботчигии рӯзномаро фаромӯш накунем. Масъалаи дастраси ҳамагон шудани рӯзнома бояд дар идораҳои давлатӣ ҳаллу фасли худро ёбад. Вагарна дар соҳаи маънавият ба мақсадҳои аслии худ расида наметавонем. Дар соҳаи нашру фурӯши китобҳои бадеӣ низ ҳамин тавр кардан мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
деҳаи Варзики ноҳияи Чуст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: