Дар инсоне ҷигари изофиро кашф карданд

Олимон кашф карданд, ки микробҳо дар рӯдаи ширхӯрон, аз ҷумла одамон, метавонанд ҳамчун ҷигари иловагӣ амал карда, мубодилаи аминокислотаро ба таври назаррас тағйир диҳанд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи Cell Host & Microbe нашр шудааст.

Таҷрибаҳо муайян карданд, ки бактерияҳои мухталифе, ки дар рӯдаҳо зиндагӣ мекунанд, то чӣ андоза самаранокии аминокислотаҳо - блокҳои сафедаҳоро истеъмол мекунанд. Гурӯҳи олимон беш аз сад микробҳои гуногуни рӯдаҳоро таҳлил намуда, муассиртарин микробҳоро дар мубодилаи моддаҳои органикии ғизо муайян карданд, менависад lenta.ru.

Муҳаққиқон муайян карданд, ки дар як чунин бактерия зиёда аз 20 генҳои гуногун мавҷуданд, ки тақрибан як функсия ва ҳамин функсияи ферментативиро ба код медароранд. Таҷрибаҳо бо штаммҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфтаи бактерияҳо нишон доданд, ки микробҳои рӯда метавонанд гомеостази глюкозаро дар хуни соҳибони худ тағйир диҳанд. Онҳо инчунин ба ҳосилкунии нейромедиатори серотонин таъсир мерасонанд, ки дар навбати худ ба танзими глюкоза асар мекунанд.

Бисёре аз ин вазифаҳои мубодилаи моддаҳоро ҷигар иҷро карда метавонад, ки ферментҳои мушаххасро тавлид мекунад, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки микробиотаи рӯда амалҳои ҳамон хел ё ба он монандро иҷро мекунад.

Айни замон даста стратегияҳои навро барои дақиқтар модул кардани ферментҳои бактериявӣ таҳия менамояд ва мавриди омӯзиш қарор медиҳад, ки чӣ гуна таркиби гуногуни бактерияҳо ба мубодилаи аминокислотаҳои соҳиби он таъсир мерасонанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: