Боиси хушнудист, ки бо ташаббус ва ҷонибдории сарвари давлатамон ба варзиш, хосатан «бозии ақл» – шатранҷ диққату эътибори хоса зоҳир мешавад.
Чанде қабл дар матбуот қарори сарвари давлат «Дар бораи чораҳои омадагии ҳамаҷониба ба олимпиадаи ҷаҳонии 46-уми шоҳмот, ки соли 2026 дар Ӯзбекистон баргузор мешавад ва тадбирҳои судбахш барои ба ҳаракати оммавӣ табдил додани шоҳмот» эълон гардид.
Ин навид табъи мухлисони шатранҷро болида сохта, шавқу ҳаваси насли наврасро ба ин бозии куҳан, вале шавқовару дилнишин бештар хоҳад намуд.
– Ҳоло дар олам мусобиқаҳои байналмилалӣ ва байналхалқӣ бешумор буда, дар тақвими шоҳмот бозиҳои олимпӣ мавқеи ба худ хос дорад,– изҳор дошт ҷонишини раиси федератсияи шоҳмоти Самарқанд, гроссмейстери байналхалқӣ Тоҳир Воҳидов. – Олимпиадаи шатранҷ бори нахуст дар соли 1927 дар Лондон баргузор гардид ва ҳамагӣ 16 дастаи мунтахаб қувваозмоӣ намуданд.
Дар олимпиадаи 45-ум, ки дар Ҳиндустон аз 150 кишвари ҷаҳон даъвогарон ҷамъ омада буданд, дастаи яккачини Ӯзбекистон пирӯз шуд.
Баъди ба шоҳсуфаи баланд баромадани вакилони мо Президент, муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавассути телефон сардори дастаи мунтахаб, гроссмейстер Ҷаҳонгир Воҳидовро самимона табрик гуфта, комёбиҳои нав ба нав таманно намуд.
Воқеан, ҳамаи варзишгарон, мураббиён ва онҳое, ки ба ғалаба саҳмгузор буданд, аз ҷониби Президент, ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ сарфароз гардонда шуданд.
– Тоҳирҷон Абдуқаҳҳорович, бо фармони Президент дар Самарқанд олимпиадаи навбатӣ хоҳад гузашт.
– Рости гап, ин навидро ҳар як самарқандӣ ва умуман мардуми Ӯзбекистон бо хурсандӣ қабул кард. Мо, фаъолони федератсияи шоҳмоти вилоят ҷамъомад гузаронида, дар сатҳи баланд баргузор намудани онро ба нақша гирифтем. Мақсад боз пирӯз шудан аст. Афзалияти соҳиби майдони мусобиқа аз он иборат мебошад, ки аз Ӯзбекистон се дастаи яккачини мунтахаб барои шарафи кишвар талош меварзанд. Аммо «себ пазад ва ба даҳон афтад» гуфта бепарво шудан лозим нест.
– Шумо шоҳид ҳастед, ки чанд сол қабл аз ин Президенти федератсияи шоҳмоти ҷаҳон – ФИДЕ Кирсан Илимҷонов ба Самарқанд омад ва ҳангоми мулоқот бо таассуф гуфта буд, ки дар шаҳри мо қасри шоҳмот лозим. Камина таклифу пешниҳодҳои ӯро дар матбуот эълон карда будам, вале то ҳол дар ин самт дигаргунӣ нашудааст...
– Роҳбарони вилоят ва масъулони соҳаи мазкур ба ин масъала аз паси панҷа нигаристанд. Умедворем, ки қарори сарвари давлат дар бораи чораҳои омодагии ҳамаҷониба ба олимпиадаи ҷаҳонии 46-уми шоҳмот бисёр муаммоҳои мавҷударо ҳал хоҳад кард. Аз ҳама муҳимаш, дар мамлакат шоҳмот ривоҷу равнақ меёбад. Барои аз бачагӣ ба ин бозии ақл рағбат пайдо кардани фарзандону наберагон барномаи махсуси «Шатранҷ аз кӯдакистон оғоз меёбад» амалӣ хоҳад шуд. Инчунин, «Лигаи мактаб», «Лигаи литсейи академӣ», «Лигаи талаба» дар се баст гузаронида мешавад. Умуман, чун Гурҷистон ва Полша кишвари мо ба мамлакати шоҳмот табдил меёбад.
– Чанде пеш рӯзномаи «Овози тоҷик» дар бораи писаратон Ҷаҳонгир Воҳидов иттилоъ дод, ки ӯ ба чемпионати ҷаҳон секундант, яъни мураббӣ шудааст.
– Ин навид барои мардуми Ӯзбекистон шараф аст. Барои ситоиш не, ба маълумоти шумо таъкид кардан ҷоиз аст, ки Ҷаҳонгир меҳнатро дӯст медорад. Барои хубтару бештар омӯхтани шоҳмот забони русӣ, англисӣ ва испаниро хуб омӯхт. Муболиға нахоҳад шуд, агар гӯям, ки бозии чемпионҳои ҷаҳон Стейнис, Чигорин, Алёхин, Капабланка, Ботвинник, Тал, Спасский, Фишер, Карпов, Каспаров, Ананд ва дигаронро қариб азёд медонад.
Ҳоло ӯ ба олимпиадаи навбатӣ тайёрӣ мебинад. Мақсади асосӣ боз пирӯз шудан аст.
– Барои суҳбат ташаккур!
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.