Дар Тошканд машваратҳои сиёсии Ӯзбекистону Ҳулланд баргузор шуданд

25 апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканд даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор гардид.

Дар ҷараёни машваратҳои сиёсӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки муносибатҳои Ӯзбекистону Ҳолландро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои фаъолгардонии муколамаи сиёсӣ, татбиқи иқтидори мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдою иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, таҳкими ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин густариши робитаҳо байни муассисаҳои илмию таълимии пешбари ду мамлакат баррасӣ шуданд.

Ба рӯзномаи музокирот ҳамчунин масъалаҳои густариши шарикӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва кишоварзӣ низ шомил шудаанд. Манфиатдории тарафайн ба зиёд намудани ҳаҷми савдои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак тасдиқ гардид.

Ба ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои муштараки дарпешистодаи дорои хусусияти дуҷониба ва байниминтақавӣ, аз ҷумла дар формати «Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: