ЗИНДАГИАШ ДАР ШЕЪРҲОИ МОНДАГОРАШ ИДОМА ДОРАД

Бо устод Ҷонибек ҳанӯз овони мактабхонӣ ва донишҷӯйӣ ғоибона – тавассути шеърҳои баландмазмун ва очерку мақолаҳои пурмуҳтавояшон, ки саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбкистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ва матбуоти даврии Тоҷикистонро оро медоданд, ошноӣ доштам.

Он солҳо, ба сифати як навсафари ҷодаи сухан, бисёр мехостам бо эшон суҳбате дошта бошам.
Овони донишҷӯйӣ дар шафати мадрасаи Бибихонуми шаҳри Самарқанд дари дӯкони хурди китобфурӯшие бо номи «Тоҷиккитоб» ҳамеша боз буд. Боре дар ин дӯкон чашмам ба маҷмӯаи нахустини устод – «Қарз» афтоду харидам. Дар он рӯзгор нашри китоби адиби ӯзбекистонӣ тавассути нашриётҳои Тоҷикистон як рӯйдоди фарҳангӣ буд. Дили насли ҷавонро ба сухани муқаффо гармтар месохт.
Устод ба сифати масъули бахши адабиёт ва санъати рӯзнома дар парвариши истеъдодҳои ҷавон саҳми назаррас гузоштаанд. Он кас хеле амиқ дарк карда будаанд, ки асари навқаламеро бо таҳрири каму беш ба дасти чоп додан, чӣ користоне дар пай дорад. Инҷониб дар он рӯзгор гоҳо аз чоп нашудани баъзе машқҳоям ба танг меомадам.  Вале имрӯз мебинам, ки онҳо воқеан ба талаби шеъри рӯз ҷавоб намедодаанд: образҳо обшуста, ҷо-ҷо вазну маънӣ хароб, таносуб вайрон... Вақте тақозои тақдир ҳамкор шудем, дидам, ки устод чӣ қадарҳо мехостаанд машқҳои навдастон рӯйи чопро бинанд, бо масъулият ба қаламиҳои шоиру нависандагони ҷавон қаробат меҷустанд...
Маҳсули хомаи адибони ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон: Салим Кенҷа, Нор Остонзода, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Ҳадя Раҷабова, Аминҷон Шукуров, Абкар Пирӯзӣ, Бахтиёри Ҷумъа, Солеҳ Саидмуродов, Зоҳир Ҳасанзода, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Сулаймон Хоҷаназар, Холбой Ҷалил, Паймон, Абдулло Раҳмон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Ҷаъфар Муҳаммад ва дигарон нахуст бо таҳрир ва такмили устод рӯйи чопро дидаанд.
Устод шоири зуллисонайн буданд, ба ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ озод хома меронданд, ки на ҳар касро муяссар гардад. Дар баробари маҷмӯаи шеърҳои тоҷикии «Қарз» (1973), «Ифтихор» (1982), «Розҳо» (1987), «Зангӯла», дафтарҳои ашъорашон зери номҳои «Юрак тӯлқинлари» ва «Сенга интиламан»  ба забони ӯзбекӣ низ ба дасти нашр расидаанд. Имрӯз анъанаи дузабониро шогирдонашон Чоршанбеи Деҳнавӣ, Муҳаммадҷон Шодӣ, Ҷаъфар Муҳаммад ва дигарон сарбаландона идома медиҳанд.
Устод тарҷумони чирадаст низ буданд. Шеърҳои шоирони классику муосири тоҷику ӯзбекро бо маҳорати баланд аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ ва аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ бармегардонданд. Ба таъбире, пули дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек буданд. Саҳми эшон дар муаррифии адабиёти форсии тоҷикӣ ба мардуми ӯзбек назаррас аст. Намунаи ашъори Дақиқӣ, Убайди Зоконӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Биноӣ, Сайидои Насафӣ, Маъдан, Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Аҳмади Дониш, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Саҳбо ва Садриддин Айниро ба забони ӯзбекӣ бо маҳорати ба худ хос тарҷума кардаанд.
Соли 1981 шеъру достонҳои устод Мирзо Турсунзодаро таҳти унвони «Оташ посбони» («Посбони оташ») ба хонандаи ӯзбек пешниҳод намуданд. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и поягузори адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ дар тарҷумаи устод аз ҷониби нақди адабӣ баҳои баланд гирифта буд. Осори адибони нисбатан ҷавони ӯзбек низ аз назарашон дур намемонд. Романҳои Ёқуб Хаимов ва Малик Раҳмон – «Дарбадар», «Ду тақдир», маҷмӯаи ҳикояҳои Ӯткур Ҳошимов «Нур ва соя», достони Абдулло Орифов «Ҳаким ва аҷал», шеърҳои Эркин Воҳидов, Барот Бойқобилов, Нормурод Нарзуллоев ва Назарматро хонандагон дар тарҷумаи устод  хуш истиқбол гирифтаанд...
Ҳоло журналистон қариб, ки фелетон наменависанд. Вале дар рӯзгоре, ки устод ба сар мебурданд, журналистон дар баробари хабару мақола, фелетон низ менавиштанд. Ёд дорам, фелетони он кас «Алиф, бе, те, се, Абдумаориф пулама те» дар байни аҳли маориф шӯру шаафе афканда буд. Фикр мекунам, он фелетон имрӯз низ аҳамияташро гум накардааст. Зеро дар мактабҳо ҳанӯз омӯзгороне ҳастанд, ки дар омӯзондани асосҳои фан ба ҳар ду по меланганд, вале Абдумаориф ҳаққи «меҳнат»-и онҳоро мепардозад... 
Хидматҳои устод дар таъсиси Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва ташкили барномаи тоҷикии «Рангинкамон»-и Ширкати садо ва симои Ӯзбекистон шоистаи таҳсин аст... 
Оташи ҷанг ҳанӯз дар гӯшаҳои гуногуни олам забона мезанад ва ҳар рӯз садҳо одамони бегуноҳро ба коми худ мекашад. Хонанда вақте шеъри «Дарди дунёро табобат мекунам»-и шоирро мехонад, фикр мекунад, ки дар ҳамин рӯзҳо рӯйи коғаз омадааст. Дар он, аз ҷумла, ба чунин сатрҳо дучор меоем:
Аз замин фарёд мехезад ҳанӯз,
Ҷойи борон тир мерезад ҳанӯз.
Ашк шӯяд рӯйи оламро ҳанӯз,
Ҷанг резад хуни одамро ҳанӯз...
Шеърҳои ба модар бахшидаи устод аз меҳру садоқати фарзандӣ нисбати модар – маншаи ҳаёт  саршоранд. Дар онҳо образҳои шоирона зиёд ба назар мерасанд. Мисол:
Оварам, модар, ба ту рӯйи ниёз,
Гарчи бигзаштам зи ҳар шебу фароз.
Риштаи ҷонро бароят медиҳам,
То бигардад риштаи умрат дароз.
Фарзанд аз ҳисоби бахшидани риштаи ҷони худ риштаи умри модарро дароз карданист, ки ифодаи тозаи шоирона аст.
Бихонам синну соли миллати худро
Ман аз чини ҷабини ту...
Туро таҳкурсии подор 
Мисли шеърҳои Рӯдакӣ бошад...
Ин сатрҳо аз шеъри «Самарқанд»-и устод аст, ки дар дили хонанда ҳисси ифтихор аз ин шаҳри бостонӣ меангезад.
Одатан тифли безабон розу ниёзашро бо гиря изҳор менамояд ва ин гиря шафқатангез аст. Шоир дар шеъри «Бо номи тифл», ки заминаи ҳаётӣ дорад, гиряи талхи тифлро ба селе ташбеҳ медиҳад, ки ороми касро халалдор месозад. Хандаҳои беғаши ӯ мисли шакар гуворост. Ташбеҳу истиора ва дигар санъатҳои бадеӣ ба ҷолибияти шеъри мазкур афзудаанд. Инак, порае аз он шеър:
Гиряҳои талхи кӯдак мебарад,
Ҳамчу селе рахти ороми маро.
Хандаҳои беғашу шевои ӯ,
Мекунад шаҳду шакар коми маро...
Шеърҳои анъанавӣ, ғазал, рубоӣ ва дубайтиҳои устод далели онанд, ки дар ин жанрҳои шеърӣ дасти тамом доштаанд...
Дареғ, устод дар айни камолоти эҷодӣ дунёро падруд гуфтанд. Ҳарчанд бо иродаи Ҳақ таъоло ҷисмашон фано пазируфт, рӯҳашон дар шеърҳои мондагор ва мақолаҳои пурмуҳтавояшон зиндаи ҷовид монд. Равонашон шод ва маъвои охираташон обод бод!

ЯККАТОЗ

(Ба устод Ҷонибек Қувноқ)

Дар интиҳои қарни бист,
Дар ҳавзае, ки рӯди сухан ҷӯшише 
надошт,
Як устод буд, ки чун чашмаҳои 
кӯҳ шодоб месуруд.
Бо ёди рӯди сабзтар аз оби зиндагӣ,
Дар ҷӯйи зиндагӣ карда дилаш 
об месуруд.
Мӯсосифат вақте задӣ ба санги дараҳо 
чӯбдасти хеш,
Бас чашма чашми ботини худ 
боз менамуд.
Дар пайравии ӯ ҳар чашмаи равон
бо шеваи дарӣ сухан оғоз менамуд...
Дар Чочи бостон он ошиқи 
сухан танҳо набуд, на!
Кӣ дошту чӣ дошт?
Ҳамсуҳбате чу Рӯдакиву Бадри Чочӣ 
дошт...
Аз шеъри ҳамгинони худ илҳом 
мегирифт,
Бо Лоиқи замон
дар пойи хуми шеър
Сармаст ҷоми Ҳофизу Хайём мегирифт...
Инак, аз оби чашмаҳо – зояндарӯдҳо
лабрез рӯди ҳавза аст.
Дар хиттае, ки пӯшида дар бар 
либоси нур,
Як баҳри кӯчаки адаб
бо номи шеъру қиссаву афсонаву ғазал,
Сар мезанад ба соҳилу пас меравад 
ба шӯр...  

А. СУБҲОНОВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: