ЗАБОН – САРЧАШМАИ ҲАЁТ

Бо ташаббус ва ҷонибдории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Вазорати таълими томактабӣ ва мактаб тӯли се соли охир бори аввал дар асоси «Дастури таълими миллӣ» ва таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ – Финляндия китобҳои дарсии «Забони модарӣ ва хониш», «Дафтари машқ», «Методикаи таълими «Алифбо», «Методикаи таълими забони модарӣ ва хониш» бо теъдоди зиёд чоп гардиданд.

Табъу нашр ва дастрас шудани китобҳои дарсии тозанашр, роҳнамои омӯзгор, маводҳои аудиою видеоӣ дар ҷодаи таълими забони тоҷикӣ амалиёт ва методологияи навро ба майдон оварда, барои омӯзиши забони тоҷикӣ ва фанҳои дигар шароит муҳайё карданд.  
Ҳоло замоне фаро расидааст, ки насли наврас бояд баробари дарёфти дониши амиқу дақиқ аз воситаҳои гуногуни технологияи муосир, иттилоот, интернет бохабару баҳравар бошад ва ҷомеаро бо кашфиёти нав пеш барад. Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки онҳо бо истифода аз технологияи муосир технологияи навро офаранда, беш аз пеш комёб мешаванд. 
Бо бовари комил метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ ва таълими он дар Ӯзбекистон аз масъалаҳои муҳим ва мубрам ба шумор меравад. Маълум аст, ки забон бо мурури замон тағйир меёбад, таркиби луғавиаш бо вожаву калимаҳои нав сарватмандтар мегардад. Таркиби луғавии ҳар як забон оинаест, ки аз тариқи он аҳволи моддӣ ва маънавии соҳибонаш равшан намоён мегардад. 
Забони тоҷикӣ низ аз чунин тағйироту таҳаввулот дар канор нест. Моро, ки таърихан миллати бузург ҳастем ва аз ниёгони худ забони бисёр шевову зеборо ба мерос гирифта, тайи ҳазорсолаҳо ҳифз кардаем, воҷиб аст, ки минбаъд ин мероси гаронбаҳоро бо зебоӣ ва шевоии бештару беҳтар ба ояндагон интиқол бидиҳем. 
Сиёсати хирадмандонаву некбинонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаммоҳои табъу нашри китобҳои дарсӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои забони тоҷикиро бо пуррагӣ рафъ намуд. Чун натиҷаи ин амалҳои нек дар вилояти Самарқанд аз моҳи марти соли 2022 нашри маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» ба роҳ монда шуд. То имрӯз ҳафт шумораи маҷаллаи мазкур рӯйи чопро дида, дастраси муштариёни сершумор ва мардум гардид. Бояд гуфт, ки шумораҳои рангину пурмуҳтавои маҷаллаи тозанашр дар якҷоягӣ ва инчунин дар алоҳидагӣ, бидуни шубҳа, барои баланд бардоштани савияи дониш, хештаншиносии хонандагонаш ва рушди забони тоҷикӣ аз наздик ёрӣ мерасонад. Маҷалла дар муддати хеле кӯтоҳ шуҳрат пайдо намуда, бобати донистани вазъи ҳавзаҳои адабӣ ва қарин кардани робитаҳои адабии онҳо имконият фароҳам овард. Дар натиҷа чунин алоқаҳо қавитар гардиданд. Дар шаҳри Самарқанд бахши тоҷикии иттифоқи нависандгони Ӯзбекистон ташкил карда шуд. Аъзои он бо навиштани асарҳои назмиву насрӣ, тарҷумаи осори гаронбаҳои тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ ва баръакс ӯзбекӣ ба тоҷикӣ, ҳамчунин вусъатёбии соҳаҳои адабиётшиносиву забоншиносӣ саҳмгузоранд. Китобҳои тозанашри шоирону нависандагони ҳамзамон низ баҳри боз ҳам афзудани дониш ва зиёд гардидани захираи луғавӣ хидмат мекунанд. 
Дар чанде аз вилоятҳои Ӯзбекистон ва инчунин шаҳри Тошканд чопи рӯзномаҳои тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, ки онҳо низ дар рушд ва вусъатёбии забони тоҷикӣ аз наздик ёрӣ мерасонанд. Забони тоҷикӣ ба воситаи нашри ин рӯзнома ва маҷаллаҳо такмил меёбад, сарватмандтар ва пурфасоҳат мегардад. 
Рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» аз 25 августи соли 1924 бо чопу интишори матолиби пурмуҳтаво ва рангин барои рушди забони тоҷикӣ хидмат менамояд. Кормандон ва журналистони рӯзнома дар инкишофи забон, услуб ва меъёрҳои он бо ҷоннисорӣ хидмат мекунанд. Аҳли нашрия ният доранд, якҷо бо мардуми фарҳангдӯсти кишвар соли 2024 ҷашни мутантани 100-солагии «Овози тоҷик»-ро таҷлил намоянд. Бовар дорем, ки мардуми рӯзномадӯсти мо ба муносибати ин санаи хотирмон дар хусуси табъу нашр, маводҳои он фикру мулоҳизаҳои некбинонаи худро, албатта, менависанд. 
Хурсандиовар он аст, ки Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муассисии рӯзномаро бар ӯҳда гирифтааст. Ин аз он далолат медиҳад, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» боз солҳои дуру дароз фаъолияташро идома дода, ба нашъунамои забони тоҷикӣ, меъёр ва услубҳои он саҳми босазо хоҳад гузошт. 
Забони тоҷикӣ чун ҳодисаи иҷтимоӣ дар ҷомеъ, алалхусус дар кишвари мо мавқеи муайян дорад. Тағйироту пешравиҳои илму фан, техника, санъат ва маданият, робита ва ҳамкориҳои тарафайн бо аҳолии гуногунмиллат ба боз ҳам сарватманд гардидани таркиби луғавии забон мусоидат менамоянд. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тибқи қонунгузорӣ барои ҳамаи миллат ва халқиятҳо дар интихоби озоди забони таҳсил  шароит фароҳам оварда мешавад. Ҳар як шаҳрванд аз ҳуқуқи ба забони модарӣ таҳсил гирифтан, ҳарф задан, мубодилаи афкор намудан баҳравар аст. Вай метавонад баробари забони модарии худ забонҳои дигарро ҳам омӯзад. Яъне, дар омӯзиши забонҳо мамониате нест. Фақат саъю кӯшиш лозим аст. 
Таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистони Нав, алалхусус дар давраи Эҳёи сеюм зиёд гардид. Аз моҳи сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи амнияти ҷомеавии шаҳри Тошканд омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Курсантҳои ин донишгоҳ ҳоло забони тоҷикиро ҳам меомӯзанд. 
Биёед, забони тоҷикиро пос дорем ва чун бузургону ниёгони оқили худ дар рушду такмилёбии он саҳмгузор бошем!

Таваккал ЧОРИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
номзади илмҳои филология, профессор.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: