Бо фармони Президент аз 20-уми марти соли 2024 ба муносибати Рӯзи кормандони сохтори маҳалла як гурӯҳ кормандони соҳа сазовори мукофотҳои давлатӣ гардиданд.
Аз ҷумла, аз вилояти мо раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қарнабота»-и ноҳияи Пахтачӣ Учқун Бегматов бо ордени «Дӯстлик», фелдшери гурӯҳи тиббии шифохонаи оилавии «Ҷизмон»-и ноҳияи Каттақӯрғон Нуриддин Норбеков бо ордени дараҷаи II «Саломатлик», ёрдамчии ҳокими ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Аработа»-и ноҳияи Нуробод Гавҳар Исоева бо медали «Шуҳрат» мукофотонида шуданд.
Дар ҳокимияти вилоят маросими тантанавии супурдани ин мукофотҳо ва ба як гурӯҳ фидоиён додани нишони сарисинагии «Ифтихори маҳалла» баргузор гардид.
Ҳокими вилоят Турдимов фаъолони маҳалларо бо идашон самимона табрик ва меҳнати садоқатмандонаи онҳоро эътироф кард.
— Ман хеле мамнунам, ки ба меҳнати камтаронаи мо дар соҳа баҳои баланд дода, ба мукофоти давлатӣ лоиқ донистаанд, — гуфт раиси маҳаллаи «Қарнабота»-и ноҳияи Пахтачӣ Учқун Бегматов. — Аз соли 1996 инҷониб дар сохтор вазифаҳои гуногунро иҷро мекунам. Ҳоло роҳбари давлатамон ба сохтори маҳалла эътибори алоҳида медиҳад. Дар натиҷаи ин эътибор ва ғамхориҳо, маҳаллаи мо гарчанде аз марказҳои ноҳия ва вилоят дур ҷойгир шудааст, ба манзили обод табдил меёбад. Аҳолии «Қарнабота» пурра бо оби ошомидании тоза таъмин шудааст. Мактаби миёнаи таълими умумии рақами 45-ро аз таъмири асосӣ бароварда, барои 120 нафар кӯдак мактаби мусиқа ва санъатро бунёд карданд.
ҲОКИМ БО ТАРЗИ ЗИСТИ АҲОЛӣ ШИНОС ШУД
Дар ин рӯзҳои баҳор ва айёми кишту кор ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо тарзи зиндагӣ, истифодаи босамари заминҳои корам шинос мешавад.
Ташрифи навбатӣ ба маҳаллаи Бешболаи ноҳияи Ҷомбой шуд.
— Дар маҳаллаи мо мушкилот хеле зиёд, солҳои дароз аст, ки ҳаллашонро меҷӯем, — гуфт раиси маҳалла Наримон Хӯҷамқулов. — Ҳокими вилоят ба хонадонҳо даромада, тарзи зиндагӣ ва шароит, аҳволи имрӯзаи кӯчаву роҳравҳоямонро дида, ваъда дод, ки муаммоҳо ҳал ва роҳҳо мумфарш карда мешаванд.
Ҳангоми вохӯрӣ ёдрас гардид, ки дар 1325 хонадони маҳаллаи Бешбола қариб 6 ҳазору 600 нафар аҳолӣ истиқомат намуда, роҳҳои ноҳамвор ва симчӯбҳои кӯҳна яке аз мушкилоти ҳалталаби аҳолӣ ба шумор меравад.
Фаъолияти сектори чорум ғайриқаноатбахш дониста шуд.
Ҳокими вилоят бо мақсади ҳалли ин муаммоҳо рӯзи дигар дар маҳалла роҳбарони ташкилоту корхонаҳои вилоятиву ноҳияро ҷамъ кард. Кори сектори чорум, ки ба маҳаллаи номбурда масъул аст, аз ҷониби хокими вилоят ғайриқаноатбахш шуморида шуд. Таъкид гардид, ки дар давоми даҳ рӯз 4,5 километр роҳ мумфарш, қариб 150 симчӯби барқӣ иваз карда мешаванд. Инчунин, антеннаи яке аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ насб гардида, ба аҳолӣ дар доираи аксия гузаронидани шабакаи интернет дар назар аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.