КАФШЕРГАР

Усто Нормӯъмин чун нӯки электродро ба шофи ду оҳан расонд, ба чаҳор тараф «шарораҳо» париданд ва як равшании муқтадире падид омад.

 Вай аз паси сарпӯши шишасиёҳ ба фаввораи оташ  нигариста, чоки оҳанҳоро зуд васл намуд. Сипас ба ҷойи пайванд нигарист ва аз натиҷаи кораш мамнун шуд. Аммо аз рӯи эҳтиёт ба ду-се ҷойи оҳан электрод давонда, корро мувофиқ гардонд. Ҳар гоҳ оташ фаввора мезаду ситораборон ба амал меомад, фавран дуди кабудчае паҳн мегашт, ки бӯйи оҳани тафтаи  бо кадомин як моддаи кимиёвӣ омехтаро ба димоғ менишонд. 
– Чилу шаш сол аст, ки дар машом ҳамин бӯй ҳар рӯзи Худо машғули корам, – атрофи чашму абру ва бинниашро, ки хат-хат сиёҳӣ нишаста, ширинкорони саҳнаҳои ҳаҷву танзро ба хотир меовард, бо остин пок карда,  гуфт усто Нормӯъмин.
– Ба сиҳатии одам зиён надорад? – пурсидам ман.
– Дорад, зарари калон дорад, – роиҷ тан гирифт ӯ. – Шуш ва ҷигару меъдаро ғалбер мекунад, сабилмонда! Аммо чӣ илоҷ... Дар ин замонаи каҷ дору марез кӣ як пора нони беминнат медиҳад? – дар тафаккур сари китфони васеашро болою поён бурд ӯ. – Баъдан, кафшергарӣ касби дӯстдоштаам аст. Агар пешаи худро аз сидқи тамом дӯст дорӣ, ба ҳеч чиз нигоҳ намекунӣ, ҳатто баъзан зиёнаш ба саломатӣ таҳдид кунад ҳам, аз гӯшаи хотират меафтидааст. Аммо ман ба сиҳатии худам бепарво нестам. Пас аз кори дарозо бештар ширу ҷурғот менӯшам, то заҳри ҷамъшударо бишӯянд. Албатта, ба шогирдонам низ ин чизро таъкид мекунам. 
Нормӯъмин Пардаев ҳоло дар нафақа аст. Шаш сол қабл аз ин чун ба синни нафақа расид, тасмим гирифт, ки «бас аст ранҷ бурдан, дигар асло кор намекунад,  акнун як каме дар бораи тӯшаи охират фикр мекунад.» Аммо ба мардуме, ки як умр ҷисму рӯҳи худро дар майдони меҳнат обутоб додаанд ва ин тавр нони аҳли пайвандонро аз пайи чунин шуғл ёфтаанд, банохост тарки арсаи набард кардан бас мушкил мекӯчидааст. Усто Нормӯъмин ҳам муддате хонашин шуда, ба хости дил роҳат карданӣ буд! Аммо... ин усул ба феъли мардонаи ӯ созгор наомад. 
– Агар мекушад, бигзор ҳамин кор бикушад! – ниҳоят аз зиқиву асабоният ба дараҷаи кафидан расида, боз домани пайвангарӣ рафт. 
Вай мегӯяд, ҳамон бӯйи тафти оҳан, дуди ғализи электрод, садои ба ҳам хӯрдани оҳанҳо, дастгоҳҳои оҳанбуриву суфтагарӣ... вайро чун оҳанрабо дубора ба сӯи худ кашиданд.
Усто Нормӯъминро дар мавзеи Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонобод, ки шумори аҳолиашро бештар аз 18 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд, хурду калон эҳтиром менамоянд. Зеро осори меҳнати кафшергарии ӯ қариб дар ҳар хонадон вуҷуд дошта, хоса ӯро барои мардонагӣ ва якқавлиаш хеле дӯст медоранд. 
Ин устои номвар ва марди якрӯву мушкилосонкуни мардум – Нормӯъмин Пардаев соли 1957 ба дунё омадааст. Чун мактаби рақами 10-и Боғучорбоғро бо баҳои хуб хатм намуд, устодонаш маслиҳат доданд, ки ба ягон даргоҳи илм ҳуҷҷат супорад. Аммо ӯ меҳри пешаи ронандагӣ дар дил мепарварид. Бинобар ин, ба ҳавои дил кор гирифта, рост ба ташкилоти ДОСААФ-и ноҳияи Ғузор омад ва ҳуҷҷатҳои худро ба курси ронандагӣ супорид. Чун соҳиби ҳуқуқи ронандагӣ шуд, соли 1977 ӯро ба сафи Нерӯҳи Мусаллаҳ ҷалб намуданд. Вай хидмати ҳарбиро дар шаҳри Горкии Русия сипарӣ намуд. Ҳангоми хидмат ба Ватан курси семоҳаи кафшергариро гузашта, дар як муддат соҳиби ин касб гардид. Дар сохтмон кор карда, аз кафшергарони беҳтарин нозукиҳои ин пешаро бештар омӯхт ва чун ба зодгоҳ баргашт, соҳиби касби дар он замонҳо нодире буд ва ба худ зуд ҷои кор пайдо намуд. Нахуст ба хоҷагии давлатии «Бошчорбоғ» кор кард ва пас аз ҷаҳор соли фаъолият дар ин хоҷагӣ аз соли 1986 ба филиали муассисаи «Рембит-техника» чун кафшергар ба кор пазируфта шуд. Дар ин маскан то соли 2002 меҳнат карда, баъдан корро дар корхонаи хусусии Норсафар Бобоев идома дод. Ин ҷо барои мардуми талабгор дару дарвозаҳои гуногун, зарфҳои обу дигар мойеъ, бухориву карнайҳо месохтанд. Аксар вақт ба таъмири мошин низ шуғл варзида, ҳама корҳои пайвандгарӣ ба зиммаи усто Нормӯъмин гузошта мешуд. 
Ӯ ба ёд меорад, ки ба як мошини тамғаи «ГАЗ-53», ки дар байни мардум хеле маъруфият дошт ва хоса мардуми кӯҳистон барои кашондани молу коло барояш бештар арҷ мегузоштанд, муҳаррики дизелӣ насб намуданд. Чунки як замон бензин камёфт шуда, харҷи чунин мошинҳо ба осмон баромад. Чун ба ин мошин муҳаррики дизелии трактори «Т-80»-ро насб намуданд, зуд шӯҳрат ёфт ва ҳаводорони чунин мошинҳо аз шаҳру навоҳии вилояти Сурхондарё низ пайдо шудаву дар як муддат бештар аз 10 мошини минтақа бо муҳаррикҳои дизелӣ дар хидмати мардум қарор гирифтанд. Усто мегӯяд, пас аз чунин иқдом ба Маркази илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ воқеъ дар шаҳри Тошканд муроҷиат намуданд, то барои идомаи кор барояшон ҳуҷҷат бидиҳад. Дар як муддути кӯтоҳ кормандони марказ кори онҳоро мусбат арзёбӣ намуда, барояшон ҳуҷҷатҳои заруриро фиристоданд. 
Усто ҳоло дар касби кафшергарӣ дараҷаи кории I-ро соҳиб аст ва се писари ӯ Илҳом, Улуғбек ва Норбек ҳам аз пайи падар рафтаву нозукиҳои пешаи кафшергариро меомӯзанд. Ҳамчунин шогирдонаш Одил Имомов, Тӯйчӣ Розиқов ва Нодир Имомов  маҳбуби мардум гаштаанд.
Нормӯъмин Пардаев аз шогирдони худ талаб мекунад, ки аз меҳнати ҳалол ҳаргиз сар напечанд. Вай таъкид месозад, ки агар дилу нияти усто пок набошад, натиҷаи кораш боре нахоҳад овард.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: