ТИМСОЛИ ЗАН-МОДАР ДАР АШЪОРИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Образи зан-модар дар марҳилаҳои гуногуни рушди иҷтимоӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ инъикос ёфтааст.

Ҳангоми тадқиқи ин масъала метавон ба хулосае омад, ки дар ҷомеаи асри XX низ муносибат ба зан яксон набудааст. Бо мурури замон  тағйир ёфт ва ислоҳ шуд. Агар мо адабиёти тоҷикро аз ибтидои асри XX таҳлил кунем, мебинем, ки ҳар адиб ба мавзӯи зан аз дидгоҳи худ қаробат ҷустааст. Танҳо устод Лоиқ тавонистааст, ки образи занро нисбат ба дигар адибон возеҳтар тасвир намояд.
Устод Лоиқ бо силсилашеърҳои ба модар бахшидаи худ дар адабиёти тоҷик «Модарнома»-ро асос гузошт. 
Дар байни ин силсилашеърҳо шеъри «Ба модарам» зуд шуҳрат пайдо намуд ва он боис гардид, ки Устод Мирзо Турсунзода, бе ҳеч як дудилагӣ, Лоиқи ҷавонро ба узвияти Иттифоқи нависандагон тавсия намояд. Устод Лоиқ тавонистааст, ки дар шеъри зикргардида симои воқеии модари тоҷикро офарад, модареро, ки бо сад умеду ормон барои фарзанди худ ҷомаи домодӣ медӯзад, то рӯзи тӯй онро дар қади фарзанд дида армон бишканад, модареро, ки ҳама умр нахӯрдаву напӯшида, фарзанди худро ба сад ранҷу азоб парвардааст ва дар дами пирӣ ҳам дурахши охирини чашми худро барои субҳи фардои фарзанд эҳдо месозад: 
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари 
пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ 
армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.
Ба он дастони ларзони шарафмандат 
бимирам ман! 
«Модарнома»-и устод Лоиқ шомили чиҳилу ду шеър ва чанд рубоиву дубайтӣ аст, ки гузашта аз кутуби дигар дар маҷмӯаи «Дасти дуои модар» (Душанбе, Адиб, 1991) низ мураттаб гардидааст. Дар шеърҳои ин маҷмӯа симои модар ҳамчун зане, ки заҳмату ранҷ ва душвориҳои зиндагиро паси сар намуда, худ нахӯрдаву фарзандро хӯронда бо сад умеду ормон калон карда, ба шоҳроҳи зиндагӣ гусел мекунад, тасвир гардидааст.
Тозакориҳои устод Лоиқ пайи офаридани образи модар дар он зоҳир мегардад, ки ӯ дар тасвири лаҳазоти мухталифи зиндагонии модар аз расму одоти мардумию зиндагии тоҷикона хеле бамаврид ва бамавқеъ суд меҷӯяд ва бо як маҳорати нотакрор дар шеър корбаст менамояд. Чунончӣ, дар шеъри «Нону насиб» (1965) шоир лаҳзаи гусели фарзандро аз ҷониби модар чунин ба қалам додааст:
Ба ман ҳам орд пошидӣ, ба ман ҳам ними 
нон додӣ,
Ва ними дигарашро доштӣ бо худ,
Ки чун баргардам аз хидмат, бихоҳам хӯрд.
Машав маъюс, эй модар, 
Кунун нону насибамро каси дигар нахоҳад бурд. 
Мазмуни ин порчаи шеърӣ баргирифта аз зиндагии мардуми тоҷик аст, хоссатан дар мавриди гусели фарзанд расм аст, ки ҷиҳати сафедии роҳи фарзанд сари китфони ӯ орд пошанд ва нимаи нонеро низ ба ӯ бидиҳанду нимаи дигарро нигаҳ доранд, то насиби дар хона нигаҳдошташуда ӯро ба хона боз орад.
Симои модар дар шеърҳои устод Лоиқ ҳамеша бо ашё ва ҷузъиёти тарзи зиндагии мардуми кӯҳистон тавъам аст ва ёде аз обу ҳавои кӯҳистон мекунад:
Бӯйи ҷону бӯйи нону бӯйи пистон,
Бӯйи гулҳои баҳори баччагӣ,
Бӯйи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони 
ту модар.
Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ,
Офарин хонанд бар азму ба имони ту модар. 
Ин шеър симои модарро дар пайвастагӣ бо зиндагии ҳамарӯзаи мардум, хоссатан дар талошу набардҳои пурташвиши рӯзгор, ба тасвир гирифта, дар хотироти бачагии қаҳрамони лирикӣ манзараҳои зебои нон пухтану шир дӯшидани модарро, бо самимият аз нав зинда гардонидааст.
Дар шеъри «Дар шаби борон» бошад, қаҳрамони лирикиро ҳатто боридани борони баҳорӣ, ки нишоне аз покиву зебоии табиат аст, ба ёди модар ва кулбаи ӯ мекашад:
Ин шаби туршрӯйи боронӣ,
Кулбаи модарам ба ёд омад,
Боми ӯ мечакад зи боронҳо,
Дар дилам оламе ба дод омад. 
Дар аксари шеърҳои ба айёми бачагӣ бахшидаи устод низ тимсоли модар чун мабдаи хайру сахо, покиву саодат ва оромиву болидагии рӯҳ тасвир шуда, шоир айёми кӯдакии хешро, ки дар канори модар пушти сар гузоштааст, ба таври ормонӣ ёд мекунад:
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хандам сарамро сила бинмояд даме. 
Бо ин ҳама, устод Лоиқ модарро болотар аз ҳама офаридаи табиат ва дар радифи азизтарин ва бебаҳотарин мафоҳими мавриди эҳтироми бани башар гузоштааст: 
Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар. 
Баъдҳо мавзӯи модар дар тамоми эҷодиёти шоир мавқеи аввалиндараҷаро пайдо намуд. 
Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобии ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳе дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ, ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта ӯро намеёбем. Аз даст рафтани модар барои фарзанд фоҷиаи хеле мудҳиш аст, зеро давлати фарзанд модар аст. Устод Лоиқ ин маъниро дар яке аз шеърҳояш, ки бо номи «Ҳасрат» машҳур аст, ифода намудааст.
Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ, 
Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесароӣ: 
«Писари азизам омад, писари ғазалнависам 
омад». 
Писари ғазалнависат акнун ғазали азо бигӯяд, 
Ғазале агар бигӯяд, ғазали туро бигӯяд, 
Ки куҷост модари ман, 
Ки куҷост давлати сари ман? 
«Модарнома»-и устод Лоиқ бузургтарин муноҷот ба модар аст. Он дар қатори модарномаҳои устод Мирзо Турсунзода, Эраҷ Мирзо ва дигар шоирони гузашта ифшогари муҳаббату садоқат, меҳру вафо ва қадршиносии фарзанд нисбати модар аст, ки хеле самимона, дилнишин ва олӣ суруда шудааст. Шоири ширингуфтор аллаи модарро зебо ба риштаи назм кашидааст:
Тифли гирёнам, калон шав, 
Дар ҷаҳон аз ман нишон шав, 
Достон шав! 
Достон шав!
Ганҷи шаҳворам ту бошӣ, 
Бахти бедорам ту бошӣ, 
Дар ҷаҳони номдорон
Номбардорам ту бошӣ. 
Гуфтем, мавзӯи зан-модар сар то пойи эҷодиёти шоирро фаро гирифтааст. Дар дубайтиҳои устод Лоиқ низ ин маънӣ бараъло намоён мегардад: 
Аё модар, мадори ман ту будӣ, 
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ. 
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам, 
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ. 
ё
Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам, 
Дуоям кун, дуоятро бигирам. 
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман 
Барои модари миллат бимирам. 
Хулоса, силсилаи шеърҳои ба зан-модар бахшидаи устод Лоиқ чун беҳтарин дастоварди адабиёти давраи нави тоҷик эътибор доранд. Шоир ва мунаққид Аскар Ҳаким ба ин силсилаи шеърҳо баҳо дода, онҳоро «Муваффақияти шоир, ба замми ин муваффақияти адабиёти тоҷик» ҳисобида буд. Воқеан ҳам шоир дар гуфтани шеъри модар роҳи тоза ва пурмояро пеш гирифт. Вай ба урфу одатҳои пешқадами мардумӣ такя карда, симои воқеии модари тоҷикро бо нишонаҳои мушаххас ва равшан ба шеър овард. Расму русуми мардумӣ дар кушодани чеҳра ва хислати модар ба шоир кӯмак кард. Лоиқ дар ин силсила тавонист, ки олами дар назари аввал сода, вале мураккаб, сокиту ором, вале пурошӯбу пурсадо, андешаҳои одӣ, вале пандомӯзу пурҳикмати модарро ба қалам диҳад.

Манижа ВАҲҲОБОВА, 
донишҷӯйи бахши сеюми факултаи филологияи тоҷики ДД Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: